Дар Душанбе аз 14 то 18 октябри соли равон Бозиҳои XVI-уми Делфии ҷавонони кишварҳои узви ИДМ баргузор мешавад.
Бино ба иттилои Вазорати фарҳанги кишвар, масъули баргузории ин ҳамоиш ин ниҳод ва Кумитаи байналмилалии Бозиҳои Делфӣ буда, тартиб ва Низомномаи баргузории Бозиҳо дар сомонаи расмии вазорат ва сомонаи кумита ҷой дода шудааст.
Манбаъ мегӯяд, чорабинии мазкур ба ифтихори эълон гардидани «Соли ҳунарҳои мардумӣ ва мероси фарҳангӣ дар ИДМ» ва 20-солагии “Бозиҳои Делфийи ҷавонони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил” сурат мегирад.
Гуфта мешавад, баргузории чунин чорабинии фарҳангии байналмилалӣ дар Тоҷикистон барои муаррифии шоистаи фарҳангу санъати миллӣ дар арсаи байналмилалӣ ва тарғиби беҳтарин дастовардҳои фарҳангу санъати тоҷик мусоидат хоҳад кард.