Сафири Тоҷикистон дар Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода дар шаҳри Екатеринбург бо губернатори вилояти Свердловск Евгений Куйвашев дидору мулоқот намудааст.
Тавре Сафорати Тоҷикистон дар Русия хабар медиҳад, ҷонибҳо доир бавазъи кунунии равобити минтақаҳои Тоҷикистон бо вилояти Свердловск дар соҳаҳои мухталиф ва дурнамои ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ табодули афкор намудаанд.
ГУфта мешавад, ки дар мулоқот ҷонибҳо барои густариши ҳамкориҳо дар бахшҳои маориф, тандурустӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ, фарҳанг ва сайёҳӣ изҳори ҳавасмандӣ намуданд. Омода намудани кадрҳои баландихтисос ва зиёд кардани бурсияҳои таҳсил дар муассисаҳои олии вилояти Свердловск аз мавзӯъҳои дигари мулоқот будааст.
Сафири Тоҷикистон дар идомаи мулоқот аҳаммияти истифодаи иқтидори мавҷударо барои тавсеа ва таҳкими ҳамкорӣ дар бахшҳои тиҷорату иқтисод ва ҷалби сармоя зикр кард. Аз ҷумла, масоили содироти маҳсулоти Тоҷикистон ба вилояти Свердловск ва таъсиси корхонаҳои муштарак дар қаламрави минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон матраҳ гардидааст.
Ҳамчунин Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода маъмурият ва доираҳои соҳибкории вилояти Свердловскро барои ширкат варзидан дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Тоҷикистон-Русия», ки соли ҷорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад, даъват намудааст.
Гуфта мешавад, ҷонибҳо изҳори итминон намудаанд, ки мулоқоти баргузоргардида дар рушди ҳамкории ҳамаҷонибаи минтақаҳои Тоҷикистон бо вилояти Свердловск саҳми нав хоҳад гузошт.