Тими мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-16) дар мусобиқаи байналмилалӣ ба хотири ёдбуди собиқ президенти Ассотсиатсияи футболи Ӯзбекистон – Мираброр Усмонов дар шаҳри Тошканд бозии дуюмашро муқобили тими ҷавонони Эрон (U-16) анҷом дод.
Дастаи Раҳматулло Фузайлов дар даври дуюм аз ҳамсолони худ аз Эрон бо ҳисоби 1:2 ба дучори шикаст гардид. Голро аз ҳайати ҷавонони Тоҷикистон (U-16) Беҳрӯз Хуҷаев ба самар расонид. Ризо Гандипур бошад аз ҳайати мунтахаби Эрон (U-16) ба номаш дубл анҷом дод.
Дар бозии дигари даври дуюм мунтахаби Ӯзбекистон (U-16) рақобатро ба хотири гиромидошти Мираброр Усмонов бар тими Ҷопон (U-16) бо натиҷаи калони 3:0 ба анҷом расонид.
Дар даври ниҳоии мусобиқа фардо, 27-уми август, мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Ӯбекистон ҳунарнамоӣ мекунад. Ин вохӯрӣ дар варзишгоҳи “Пахтакор”-и шаҳри Тошканд баргузор мегардад.