Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан корхонаи бисёрсоҳавии “Шарафи рӯз”-ро ба истифода доданд

Роҳбари кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд имрӯз ба шаҳри Истаравшан рафтанд, хабар медиҳад Хадамоти матбуоти Президенти кишвар.

Дар шаҳри Истаравшан Сарвари давлат нахуст корхонаи бисёрсоҳавии саноатии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Шарафи рӯз”-ро ба истифода дода, бо раванди истеҳсоли маҳсулоти ватании ивазкунандаи воридот дар он шинос гардиданд.

Гуфта мешавад, корхонаи муосири саноатӣ бо иқдоми соҳибкорони ватанӣ – Ислом Азимов ва Алишер Сабуров бо харҷи зиёда аз 6 миллион сомонӣ сохта ва бо дастгоҳу технологияи муосир муҷаҳҳаз карда шудааст.

Корхонаи нави бисёрсоҳавии “Шарафи рӯз” дар шаҳри Истаравшан аз коргоҳҳои истеҳсоли бомпӯшҳои пластикӣ, қубурҳои зангназананда, ранги равғанин, қуттиҳо барои ранг, қуттиҳои пластикӣ, кафкҳои сохтмонӣ, герметик ва анборҳо барои маҳсулоти хому тайёр иборат мебошад.

Гуфта мешавад, роҳандозии истеҳсоли бомпӯшҳои пластикӣ дар корхонаи нави саноатӣ дар миқёси ҷумҳурӣ нахустин буда, он дар асоси меъёрҳои ҷаҳонӣ пешниҳоди мизоҷон карда мешавад.

Дастгоҳҳо ва хатҳои истеҳсолии ҳамаи коргоҳҳои корхона аз кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон, аз ҷумла Олмон, Русия ва Чин ворид карда шуда, аз ҷониби мутахассисони ватанӣ идора карда мешаванд.

Иқтидори истеҳсолии корхона 6500 метри мураббаъ бомпӯши пластикӣ, 6 тонна ранги равғанин, 4500 қуттии хушбӯй, 18 ҳазор қуттии пластикӣ барои меваю сабзавот ва 2500 қуттӣ кафки сохтмонӣ дар як моҳ буда, маҳсулоти истеҳсолшаванда дар марҳилаи аввал асосан барои таъмини бозори дохилӣ равона гардидааст.

Дар корхона барои кормандон тамоми шароит муҳайё буда, коргоҳ дорои маҷлисгоҳ ва ошхонаи барҳаво мебошад. Ҳамчунин дар назди корхона се гармхона мавҷуд буда, дар онҳо парвариши сабзавот, аз ҷумла бодиринг бо усули муосир ба роҳ монда шудааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоӣ бо раванди истеҳсолот дар коргоҳҳои корхона аз гӯшаи намоиши маҳсулоти тайёри он дидан намуданд.