Як каме боло рафтани арзиши доллар ва ҳудуди даҳ сомонӣ беқурб шудани рубли русӣ дар ҳафтаи гузашта ба дигарбора боло рафтани нархи баъзе аз маҳсулоти ниёзи мардум боис шуд. Як халта орд, ки се ҳафта қабл ҳудудан 30-35 сомонӣ поён рафта буду аз 385 ба 350 сомонӣ фаромада буд, ҳоло дигарбора боло рафт, феълан ба 370-375 сомонӣ фурӯхта мешавад.
Баҳодур як соҳибкор дар сўҳбат ба радиои «Тоҷикистон» гуфт, ки арзиши доллар боз боло рафт ва коргоҳҳои истеҳсоли орд қиммати онро боз боло карданд. Дар ҳоле, ки ин болоравӣ андак буд, зеро феълан қурби доллар нисбати 4 моҳи қабл ҳудуди 300-350 сомонӣ поён аст. Аммо дар Хадамоти зиддиинҳисорӣ дар посух ба ин суол гуфтанд, нархи маҳсулот, махсусан орд дар кишварҳои содиркунанда гарон шудааст. Аммо дар нишасти матбуотии Хадамоти зиддиинҳисорӣ омилҳои гарон шудани арзиши маҳсулоти ғизоӣ ба кишварҳои содиркунанда марбут донистанд.
Бояд гуфт, ки ҳафтаи гузашта Бонки миллии Тоҷикистон қурби 100 доллари ИМА-ро 1057 сомонӣ муайян кард, ки нисбат ба рўзҳои қабл аз он ҳудуди 12 сомонӣ боло ҳисоб шудааст. Қурби рубли русӣ наздики 10 сомонӣ поён рафт, 1000 рубли русӣ, ки 177 сомонӣ буд, ҳафтаи гузашта 167 сомонӣ мубодила мешавад.
Иқтисоддон Фозилҷон Саъдуллоев, дар робита ба суоли он, ки оё ҳадди ниҳоии болоравии рубли русӣ 177 сомонӣ буд ва арзиши доллар ба сатҳи 4-моҳ қабл хоҳад баромад? Чунин посух дод, ки Бонки марказии Русия то ду ҳафтаи пеш дар ҳудуди ин кишвар ихроҷи долларро маҳдуд карда буд, аммо феълан, ки давраи содиротӣ дар ин ҷумҳурӣ шурўъ шудааст, бояд заводу фабрикаҳо маводи заруриро ворид кунанд. Бо ҳамин сабаб дар Русия талабот ба доллар зиёд шуд ва арзишаш боло рафт, ки барои Тоҷикистон бетаъсир нест.
Аммо Фозилҷон Саъдуллоев ин маънои дигар устувор нашудани рублро надорад, дар фасли тирамоҳ давраи содиротӣ барои Маскав фаро мерасад ва боз рубл мавқеъи худро устувор хоҳад кард: “Воқеан ҳам як каме болоравии нархи доллару поён шудани рубл он ҳадсу гумонҳое, ки баъзе аз коршиносон атрофи коҳишёбии тулонии арзиши доллар ва баракс ҷаҳиши назарраси рублро, ки дар назар доштанд зери шубҳа қарор дод. Ҳатто иддае аз муҳоҷирон ба хотири болотар шудани рубл ва ба даст овардани маблағи бештар аз ин ҳисоб, ҳафтаҳост ба наздиконашон аз Русия маблағ равон накарданд”.
Зулайхо яке аз шунавандаи радиои Тоҷикистон гуфт, шавҳараш тўли як моҳ мешавад, маблағи кор кардаашро равон накардааст, зеро бовар дорад рубл то 200 сомонӣ боло мешавад. Дар ҳамин ҳол таҳлилгарон мегўянд, шояд ин поёнравии рубл давомдор набошад.
Ба таърихи 13.07.2022 Бонки миллии Тоҷикистон қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣӣ (асъори миллии Тоҷикистон) чунин муқаррар кардааст:
1 доллари ИМА аз 10.4898 то 10.4500 сомонӣ;
1 евро аз 10.5307 то 10.6000 сомонӣ;
1 рубли русӣ аз 0.1710 то 0.1730 сомонӣ.
Дар ҳамин ҳол Зулфиқори Исмоилиён, таҳлилгари иқтисодӣ гуфт, ин болову поён рафтани арзиши рублу доллар кори худи Маскав аст, зеро феълан худи Русия намехоҳад арзиши доллар ба таври бесобиқа поён равад, зеро феълан ин кишвар ба доллар алоқамандии зиёд надорад ва маҳсулоташро ба рубл мефурўшад, агар доллар боло равад дар фурўш онҳо фоида мебинанд, зеро Маскав феълан захираҳои арзии зиёд дорад ва поён будани қурби доллар ба онҳо зараровар хоҳад буд.
Иддае аз сокинон мегўянд ин ҷанги асъории Русия бо кишварҳои Аврупову Амрико боиси болоравии нархи маҳсулот дар бозори Тоҷикистон шудааст. Аммо Зулфиқори Исмоилиён гуфт баъди таҳрим шудани Русия аз сўйи Аврупову Амрико системаи савдои ҷаҳонь вайрон шуд ва ҳамон низом, яъне нарху навои маҳсулот, ки ба болову поён рафтани доллару дигар асъор вобаста буд аз байн рафт ва ҳоло як давраи гузариш аст.
Саидэҳсони Ҷалолиён
радиои «Тоҷикистон»