Имрӯз дар шаҳри Роғун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбари ширкати «Вибилд» Пиетро Салиниро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар мулоқот масъалаҳои ҳамкории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ширкати «Вибилд» оид ба иҷрои уҳдадориҳои дуҷониба дар сохтмони иншооти гидроэнергетикии Неругоҳи барқи обии “Роғун” муҳокима гардид.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба рафти корҳои сохтмонӣ дар сарбанди неругоҳ, ки зимни сафари корӣ мушоҳида карданд, андешаронӣ намуда, таъкид доштанд, ки бояд тамоми корҳо саривақт ва босифат иҷро гарданд.
Дар ҷараёни мулоқот роҳбарияти ширкати «Вибилд» ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи иҷрои уҳдадориҳо ва рафти корҳои сохтмонӣ маълумот дод.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки пудратчии сохтмони сарбанди Неругоҳи барқи обии “Роғун” ширкати «Вибилд» барои татбиқи нақшаи лоиҳавии бунёди иншоот тадбирҳои заруриро амалӣ менамоянд.