Шумораи донишҷӯёни ДДТТ афзудааст

Дар ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино теъдоди донишҷӯён сол ба сол афзоиш ёфта, дар давраи ҳисоботӣ шумораи онҳо 12038 нанафро ташкил менамояд.

Тавре  Малоҳат Тоҳирова аз ҷараёни нишасти матбуотии ин боргоҳи таълимию илмӣ иттилоъ дод, шумораимуҳассилинибаъди дипломӣ 1466 нафарро дар бар гирифта, дар умум шумораи таҳсилкунандагон ба 13504 нафар мерасад.

Ҳамчунин зимни нишаст аз ҷониби ректори донишгоҳи мазкур  Маҳмадшоҳ Гулзода зикр карда шуд, ки теъдоди  донишҷӯёни донишгоҳ аз 12642 нафари соли гузашта ба 13504 нафар расонида шуд, яъне 862 нафар (6,7%)нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд мебошад.