Саноатикунонии босуръат аз аҳдофи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Табиист, ки соҳаи пахтакорӣ яке аз самтҳои асосии соҳаи кишоварзӣ ба ҳисоб рафта, рушди он барои таъмини соҳаи саноат бо ашёи хом, бо ҷойи кор таъмин намудани шаҳрвандони деҳот ва ба ин васила тақвияти иқтисодиёти мамлакат нақши муҳим дорад.
Бо дарназардошти ҳамин маънӣ санаи 6-уми январи соли 2022 фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Солҳои рушди саноат» эълон намудани солҳои 2022-2026 ба тасвиб расид. Коршиносон боварӣ доранд, ки коркарди саноатӣ намудани пахта дар рушди иқтисодии кишвар нақши чашмрас хоҳад гузошт, зеро ҳангоми коркарди саноатӣ намудани ин зироати техникӣ ҳар як пахтакор метавонад 7 ҷоӣи корӣ муҳаӣё намояд.
Давлатманд Саидов-номзади илмҳои техникӣ мегўяд, ки солҳои қаблӣ кишоварзони мамлакат то миллион тонна пахта коркард мекарданд, аммо дар ин самт имрўзҳо вазъ дигаргуна аст, аз 126 корхонаи коркарди пахта 80 дар сади он ба талабот ҷавобгў нест. Имрўз моро мебояд инфрасохторро дар ин самт таҷдиди назар намоем, зеро замоне фаро расидааст, ки усулҳои қаблии коркарди пахта барои кишоварзон мувофиқу мутобиқ нест.
Табиист, ки илм ҳамқадами замон аст ва дар самти коркарди пахта технологияи навин арзи ҳастӣ карданд. Ҳамкаломи мо низ аз муаллифони ихтироест, ки баробари истифодаи он заҳмати марди деҳқон саҳл гашта дилгармиаш ба фаъолияташ меафзояд.
-Агар ин ихтироъ амалӣ шавад, дигар кишоварз маҳсулоташ-пахтаро ба корхонаҳои коркарди пахта намебарад, балки мо пахти истеҳсолнамудаи деҳқонро дар мавзеи гирдовардааш коркард менамоем, сифаташро муайян менамоем-мегўяд Давлатманд Саидов-номзади илмҳои техникӣ
Аҳамияти стратегии пахта дар он зоҳир мегардад, ки он бояд амнияти саноатии ҷумҳуриро таъмин созад. Соҳаи пахтакорӣ яке аз соҳаҳои муҳими хоҷагии халқ мебошад, ки ба беҳдошти вазъи иқтисодии кишвар мусоидат карда, манбаи асосии таъмини истеъмолкунандагон бо озуқа, корхонаҳои саноати сабук бо ашёи хоми ватанӣ ва ҷалби аҳолӣ ба ҷои кор мебошад. Имкониятҳои истеҳсолии мамлакат имкон медиҳанд, ки дар сурати аз як гектар пахтазор рўёндани ҳосили 30 сентнерӣ, метавон то 12 ҳазор м2 газвор, 277 кило равған, 726 кило кунҷора, 47 кило собун ва дигар маҳсулоти барои соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ заруриро истеҳсол кард.
Саноатикунониро дар соҳаи кишоварзӣ аз худи хоҷагиҳои деҳқонӣ бояд оғоз кард, мегўяд дар идома Давлатманд Саидов-номзади илмҳои техникӣ. Агар мо ин амалро ба сомон расонем, деҳқон ҳатман ҳавасманд мегардад.
Воқеан ҳам саноатикунонии босуръати кишвар имкон медиҳад, ки иқтисодиёти мамлакат рушд кунаду шароити иҷтимоии шаҳрвандон рў ба беҳбудӣ орад. Ҳамсуҳбати мо Давлатманд Саидов-номзади илмҳои техникӣ мегўяд, ки имрўз замоне фаро расида, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ метавон дилхоҳ масоили ҳалталабро бемамониат ҳалу фасл намуд
Рушду пешрафти ҳар давлат ба соҳаи саноат алоқамандии зич дорад. Ҳар қадар ки ба саноат таваҷҷуҳ бештар гардад, ҳамон андоза вазъи иҷтимоии мардум, иқтисодиёти давлат ва ҷомеа беҳтар хоҳад шуд. Зимни ироаиПаём Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 21 декабри соли 2021 дастур доданд, ки то ҷашни 35—солагии Истиқлолияти давлатӣ дар доираи эълон гардидани солҳои 2022—2026 «Солҳои рушди саноат» дар мамлакат зиёда аз 870 корхонаи нави саноатӣ таъсис дода, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бояд ба 95 миллиард сомонӣ расонида шавад. Ҳиссаи саноат дар Маҷмўи маҳсулоти дохилии кишвар ба 26 фоиз расонида шуда, содироти маҳсулоти саноатӣ ду маротиба зиёд гардад.
Албатта, амалигардии дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои саноатикунонии босуръати мамлакат мусоидат намуда, кишварро ба давлати саноатӣ — аграрии пешрафта мубаддал мегардонад. Танҳо моро дар ин самт саъю талош мебояд.
Муродулло Раҳимов
радиои “Тоҷикистон”