Аҳмадзода хост дар ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ нархҳо арзонтар пешниҳод шаванд

Акс аз сомонаи расмии вилояти Суғд

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз рафти баргузории ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ боздид карда, ба масъулин дастур додааст, ки минбаъд низ маводи ғизоиро бо нархҳои нисбат ба бозор арзонтар пешниҳоди сокинон намоянд.

Ба иттилои маркази матбуоти раиси вилояти Суғд, бо мақсади таъмини дастрасии мардум ба маҳсулоти хушсифату нисбатан арзон рӯзи шанбеи 11 июн ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ташкил карда шуд.

Таъкид гардид, ки ташкили чунин ярмаркаҳо тибқи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифта, ҳадаф аз он таъмини аҳолӣ бо маводи ғизоии нисбатан арзону босифат аст.

Гуфта мешавад, дар ярмарка меваҷоту полезиҳо, орду равған, биринҷ, пиёзу картошка, сабзӣ, маҳсулоти нонӣ ва гуштӣ, гӯшт ва ғайраҳо ба фурӯш гузошта шуд.