Равобити тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистону Қазоқистон тақвият меёбад

Солҳои охир муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ миёни Тоҷикистон ва Қазоқистон мустаҳкам гардида, содироту воридоти молу маҳсулот миёни ин ду кишвар афзоиш ёфта истодааст. Ин нуктаро муовини раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Манзура Рустамова имрӯз зимни баргузории чорабинии муштарак бо иштироки ҳайати тиҷоратӣ-иқтисодии истеҳсолкунандагони молҳои ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуд.

Дар чорабинии мазкур намояндагон аз 12 ширкати истеҳсолии Қазоқистон иштирок доштанд.

Ба гуфтаи муовини раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Манзура Рустамова баргузории чунин чорабиниҳо метавонад дар самти густариш ва рушди содироту воридоти молу маҳсулот миёни ин ду кишвар заминаи мусоид гузорад. 

Гуфта шуд, ки соли гузашта содироти молу маҳсулот аз Қазоқистон ба Тоҷикистон 800 млн долларро ташкил намуд, ки ин нишондод нисбат ба солҳои пешин бамаротиб зиёд мебошад.

Асоси ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистону Қазоқистонро соҳаҳои саноати сабук, металлургияи ранга, энергетика, нақлиёт, коммуникатсия ва бахши кишоварзӣ ташкил медиҳад.  

“Тоҷикистон дорои захираҳои бойи табиӣ мебошад ва дар нақша аст, ки ҷиҳати коркарди молу маҳсулот аз ашёҳои хоми табиӣ ҳамкориро бо ширкатҳои истеҳсолии Тоҷикистон боз ҳам мустаҳакамтар намоем”, – изҳор дошт муовини директори ширкати “АО Кастрейт”-и Қазоқистон Букихан Нуралӣ Алимович.

Ҳамзамон дар ҷамъомади мазкур масъалаҳои рушди соҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон, аз ҷумла соҳаи кишоварзӣ, саноати сабук, ҷалб намудани таҷҳизотҳо барои соҳаи хурокворӣ ва як қатор масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Бахши дувуми чорабинии мазкур дар шакли мулоқотҳои B2B баргузор гардид.

Ҳамзамон дар охир як қатор созишномаҳои миёни ширкатҳои истеҳсолӣ ба имзо расид.

Баҳруллои М.