Дар Душанбе беш аз 20 асари тозанашр муаррифӣ гардид

Дар Душанбе маросими муаррифии 20 номгӯй китобҳои бачагона ва се ҷилди силсилакитоби “Ҳафт ахтар” барпо шуд.

Дар маросими рӯнамоӣ роҳбарияти Вазорати фарҳанг, Иттифоқи нависандагони кишвар, директори Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ, директори нашриёти “Адиб”, ректорони Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати ба номи Мирзо Турсунзода, Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон, директорони Китобхонаҳои пойтахт, шоирону адибон, омӯзгорону донишҷӯёни риштаҳои фарҳангу санъат ва намояндагони ВАО иштирок намуданд.

Тавре хабарнигорамон Парвина Самандарзода иттилоъ медиҳад, рӯнамоии китобҳои бачагона бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи кӯдакон, ки ҳамасола рӯзи 1-уми июн қайд мегардад, роҳандозӣ шудааст. Ҳамзамон дар баробари ҳадаф аз баргузории маросими рӯнамоӣ ин баланд бардоштани маърифату маънавияти кӯдакону насли ҷавону навраси кишвар мебошад. Ҳангоми муаррифии китобҳо зикр гардид, ки воқеан имрӯзҳо кӯдакону наврасони ҷомеаи кунунии Тоҷикистон ба китобу китобхонӣ таваҷҷӯҳи зиёд доранд, ки саҳми озмунҳои ҷумҳуриявӣ дар ин радиф зиёд мебошад.

Пас аз муаррифии китобҳои тозанашр қайд шуд, ки ороиши зебое, ки барои китобҳои бачагона тарҳрезӣ гардидаанд ҷолиби диққат буда, таваҷҷӯҳи хонандаи наврасро ба худ бештар ҷалб менамояд. Дар охир андешаҳои ҳозирин ҷиҳати китобҳои мазкур шунида шуда, ба кори минбаъдаи эҷодии шоирону адибон ва мураттибон муваффақият таманно карда шуд.

Ҳадаф аз баргузории ин маросим баланд бардоштани сатҳи маънавиёти аҳолӣ, тақвияти завқи зебоипарастӣ ва бедор намудани худшиносии миллии онҳо мебошад.

Гуфта шуд, ки асарҳои бачагона бо теъдоди 22 ҳазору 500 нусха, се ҷилд силсилакитоби “Ҳафт ахтар” 3000 нусха ва китобҳои дигар бо шумораи 1700 нусха нашр гардид.

Мавриди зикр аст, ки ин маросим ба ифтихори Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи кӯдакон, ки ҳамасола рӯзи 1-уми июн таҷлил мегардад, роҳандозӣ гардид.