Бо дастгирии Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ (БОҶ)-и СММ дар доираи амалисозии кумак оид ба таъмини ғизои мактабӣ дар деҳоти кишвар кӯдакони оилаҳои осебпазир-зиёда аз 435 ҳазору 667 кӯдак дар 2000 мактаби 52 шаҳру ноҳияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ғизо таъмин мегарданд, ки ин қариб 50%-и ҳамаи хонандагони синфҳои ибтидоии мамлакатро ташкил медиҳад. Ин нукта зимни вохӯрии Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода бо роҳбари намояндагии Барномаи озуқавории ҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Адҳам Мусаллам баён гардид, хабар доданд дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Бо мусоидати Пажӯҳишгоҳи ғизои соҳавии Федератсия Русия дар озмоиши моделҳои нави ғизои мактабӣ, мутамарказонии он ва ташкили имконият барои ғанигардонии фондҳои ғайрибуҷавии мактаб ёрии амалии техникӣ расонида мешавад. Таҳия ва ҷорӣ намудани шаклҳои мазкур самти нави нақшаи амал оид ба татбиқ намудани лоиҳаҳои таҷрибавии рушди ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гардидааст.
Нақшаи мазкур дар алоқамандӣ ба Стратегияи рушди устувори ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои то 2027, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 сентябри соли 2017 тасдиқ гардидааст, нақши калидӣ дорад. Дар асл ин нақша қадами аввал дар самти амалишавии стратегияи мазкур мебошад.
Зикр гардид, ки дар ҳамкорӣ бо шарики техникии худ, яъне Пажӯҳишгоҳи ғизои соҳавии Русия, инчунин дар мувофиқа бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Вазорати маориф ва илм 50 мактаби пилотӣ аз 15 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ (35 мактаб дар вилояти Хатлон ва 15 мактаб дар водии Рашту шаҳри Роғун) барои таъмири ошхона, таъмини таҷҳизоти хӯрокпазӣ ва таъмини мебели ошхона интихоб гардиданд. Ҳамзамон то имрӯз 126 лоиҳаи грантии хурд аз ҷониби БОҶ дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ амалӣ карда шудаанд, ки маблағи он 616 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
«Тӯли 20 сол аст, ки Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ бо Вазорати маориф ва илм ҳамкории судманд ба роҳ мондааст ва мо аз ин ҳамкорӣ бисёр хушнудем. Бояд бигӯям, ки БОҶ дар панҷ соҳа ҳамкорӣ ба роҳ мондааст ва барномаи ғизои мактабӣ калонтарин амалиёт ба шумор меравад. Имрӯз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо саъю кӯшиши Вазорати маориф ва илм дар буҷети давлатии худ 5,5 млн сомониро барои ғизои мактабӣ ҷудо кардааст, ки ин дастоварди калон дар самти Барномаи ғизои мактабӣ ба шумор меравад. Умедворем, рӯзе мерасад, ки ин барнома ҳамчун Барномаи миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шинохта мешавад.
БОҶ 60 адад планшет харидорӣ намудааст, ки рӯзҳои наздик ба намояндагони раёсату шуъбаҳои маориф дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, ки ба барномаи ғизои мактабӣ ҷалб карда шудаанд, супорида мешаванд. Мақсад аз ин рақамикунонии маълумот мебошад, яъне маълумот тариқи кормандони вазорат бо планшетҳо ҷамъоварӣ гардида, ба Вазорати маориф ва илм пешниҳод карда мешавад», -изҳор дошт Адҳам Мусаллам.
Ҳамкории Вазорати маориф ва илм бо Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ назаррас буда, фаъолияташро дар Тоҷикистон аз соли 1993 оғоз намудааст. Мақсади барнома дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти баланд бардоштани амнияти озуқаворӣ ва беҳтар намудани хӯрокворӣ дар сатҳи миллӣ мебошад.
Барномаи ғизои мактабии БОҶ дар баробари системаи ҳифзи иҷтимоии давлатӣ чун кумаки иловагӣ маҳсуб мешавад. Ҳадафи Барнома мусоидат ба раванди таҳсил, тандурустӣ ва ғизо барои ҳар кӯдак мебошад.