Акс: “Азия-Плюс”
Нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Душанбе ба муҳимтарин мавзӯъҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии Тоҷикистон ва ҷаҳон, аз ҷумла сафари расмии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Арабии Миср, пайомадҳои буҳрони Украина барои иқтисоди кишвар, солгарди Рӯзи матбуоти тоҷик ва ҷойгоҳи занон дар ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон таваҷҷуҳ кардаанд.
Нашрияи расмии “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 9 март матлабе бо номи “Тоҷикистон ва Ӯзбекистон. Як рӯзи таърихӣ дар муносибатҳои кишварҳо” нашр карда, навиштааст, ки чор сол муқаддам дар ин рӯз дар муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон таҳаввулоте ба миён омаданд, ки дар таърихи ду кишвар бо ҳарфҳои зарин сабт хоҳанд шуд. Зеро баъд аз чоряк асри равобити сард миёни ду кишвар марҳилаи нави равобити дӯстона фаро расида, муносибатҳо то ба сатҳи шарикии стратегӣ расид.
Муаллиф ёдовар мешавад, ки 9 марти соли 2018 Президенти Ӯзбекистон бо сафари давлатӣ ба Душанбе омад ва Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари ҷавобӣ 17 августи ҳамон сол ба Ӯзбекистон ташриф оварданд. Яке аз ташаббусҳои беназир дар рафти мулоқоти сатҳи олии роҳбарони давлатҳо қарор дар бораи ҷорӣ намудани низоми рафтуомади бераводиди ҷонибҳо ба муҳлати то 30 рӯз буд, ки аз тарафи сокинони ҳар ду кишвар хуш истиқбол гардид.
Нашрияи “Ҷумҳурият” дар матлаби дигаре аз тарҷумаи нодуруст ва таҳтуллафзии истилоҳоту калимаҳои хориҷӣ изҳори нигаронӣ карда, ба унвони мисол менависад, дар кӯчаву хиёбонҳои кишвар имрӯзҳо бисёр ибораю ҷумлаҳоро мушоҳида карда метавонем, ки меъёран ғалат буда, тавассути забони русӣ интиқол ёфтаанд ва маҳз ҳамин гуна «қолабҳо» дар бисёр мавридҳо тавассути ВАО ва рекламаҳо пешкаш карда мешаванд.
Дар идомаи ин мавзӯъ муаллиф ба масъалаи тарҷумаи осори адабӣ ва илмӣ дахл карда навиштааст, агар ба асарҳои тавассути забони миёнарав тарҷумашуда назар афканем, мебинем, ки дар онҳо баъзе унсурҳо ғалат тарҷума карда шудаанд, чунки ҳангоми тарҷумаи матни асл баъзе хусусиятҳои он коста мегарданд. Ин дар ҳолест, ки ба таъкиди муаллиф, маҳз тавассути тарҷума равобити адабию фарҳангӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсию дипломатӣ амалӣ мегардад ва ин василаи муассир барои мубодилаи арзишҳои миллии байни давлатҳо маҳсуб меёбад.
Нашрияи парлумонии “Садои мардум” дар шумораи рӯзи 5 март дар арафаи ҷашни Рӯзи модар бо муовини якуми раиси Кумитаи кор бо занон ва оила Нигорахон Ғаффорзода мусоҳибае анҷом додааст. Нигорахон Ғаффорзода зимни суҳбат таъкид кардааст, ки тибқи барномаи давлатӣ шумораи занону бонувони роҳбарикунанда то соли 2030-юм ба 25 дарсад ва хизматчиёни давлатӣ аз ҳисоби занону бонувон то ба 30 дарсад бояд расонида шавад. Ҳамчунин, ахиран «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030» таҳия ва тасвиб шудааст. Қобили зикр аст, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар ҶТ зиёда аз 60 санади меъёриву ҳуқуқӣ вобаста ба занон ба тасвиб расидаанд.
Дар баробари ин, ба гуфтаи Нигорахон Ғаффорзода, агар дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ҳамагӣ 64 нафар зани соҳикор доштем, айни замон фақат занҳое ки корхонаҳои истеҳсолӣ доранд, зиёда аз чор ҳазор нафарро ташкил медиҳанд. Дар маҷмӯъ, ҳоло беш аз 75 ҳазор зан ба соҳибкорӣ машғуланд, ки беш аз 38 ҳазори онҳо роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ мебошанд.
Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар шумораи рӯзи 9 март дар ҳошияи солгарди ҷашни Рӯзи матбуоти тоҷик, мусоҳибае бо журналист, муҳаққиқ ва омӯзгор Қироншоҳ Шарифзода анҷом додааст.
Мусоҳиби нашрия зимни баррасии вазъи имрӯзаи матбуоти тоҷик аз он изҳори нигаронӣ кардааст, ки эҳтимол дорад нашрияҳои ғайридавлатӣ дар даҳсолаи оянда аз байн хоҳанд рафт. Бо назардошти ин Қироншоҳ Шарифзода пешниҳод кардааст, ки барои наҷоти нашрияҳои ғайридавлатӣ, иқдомоте монанди имтиёзҳои андозӣ ва ҷудо кардани қарзҳои камфоиз рӯйи даст гирифта шавад.
Дар баробари ин, ба гуфтаи Қироншоҳ Шарифзода, дар ҷомеаи имрӯзи кишвар обрӯву нуфузи журналист коста шуда, сабаби он тамаъҷӯйӣ аст. Вай дар ин замина мегӯяд: “Вақте ба кисаи журналист 50 сомонӣ мемонанд ё ба мошинаш 10 литр бензин мерезанд, ин аз муҳаббат нест, балки ин тамаъ аст, пора аст, лагад задан ба обрӯ аст, масхара шудан аст”.
Нашрияи “Тоҷикистон” дар матлаби дигаре аз кашолкорӣ дар бозсозии кӯдакистони рақами 2 дар шаҳри Бохтар, маркази вилояти Хатлон интиқод кардааст. Ба навиштаи муаллиф, моҳи ноябри соли 2020 ин кӯдакистон бар асари сӯхтор хароб шуда буд, аммо бо гузашти ду сол то ҳанӯз корҳои таҷдиду бозсозии бинои он ба анҷом нарасидааст.
Гуфта мешавад, ки айни замон кӯдакони ин муассисаи томактабӣ дар кӯдакистонҳои рақами 6 ва 9-и шаҳри Бохтар ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Муаллиф таъкид мекунад, ки дар ҳоли ҳозир сатҳи фарогирии кӯдакон ба кӯдакистонҳо дар шаҳри Бохтар наздики 20 дарсадро ташкил медиҳад ва ин нишондод барои маркази маъмурии вилояти Хатлон хеле кам аст.
Ҳафтаномаи русизабони “Asia-Plus” дар шумораи рӯзи 10 март дар мақолае бо номи “Суқути рубл ва парвози доллар” навиштааст, ки бо ташдиди буҳрони Украина ва ҷорӣ шудани таҳримҳои сангини Ғарб алайҳи Русия, арзиши рубли русӣ дар бозори асъори кишвар коҳиш ёфта, қимати доллар бошад баръакс боло рафт. Дар баробари ин, ба гуфтаи муаллиф, бархе бонкҳои кишвар аз фурӯши доллари нақдӣ барои муштариён худдорӣ мекунанд.
Дар идомаи ҳамин мавзӯъ муаллиф дар матлаби дигаре таъкид кардааст, ки баъди сар задани буҳрони Украина ҳукумати кишварҳои Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон барои коҳиши пайомадҳои иқтисодӣ, барои таҳияи барномаҳои зиддибуҳронӣ иқдом кардаанд.
Ҳафтаномаи “Фараж” дар шумораи рӯзи 10 март дар робита ба 110-солагии нашри нахустин рӯзномаи тоҷикии “Бухорои шариф”, ки дар Тоҷикистон ба унвони Рӯзи матбуоти тоҷик ҷашн гирифта мешавад, бо Умед Бобохонов, раҳбари гурӯҳи расонаҳои “Азия-плюс” суҳбат кардааст.
Ба гуфтаи Умед Бобохонов, нақши матбуоти чопӣ дар замони муосир камранг шуда, аммо журналистикаи электронӣ беш аз пеш рушд мекунад. Вай дар идомаи ин мавзӯъ мегӯяд, ки интернет 10 дарсади кори матбуотро осон кард, вале 90 дарсади хонандаҳоро рабуд ва бозорашро фалаҷ кард.
Ба назари Умед Бобохонов, дар шароити феълӣ нашрияҳо бештар бояд рӯйи чопи матлабҳои таҳлилӣ тамаркуз карда, муҳимтарин масъалаҳои ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии кишварро баррасӣ кунанд. Дар баробари ин ӯ бовар дорад, рӯзе фаро хоҳад расид, ки ҳамаи расонаҳо дар Тоҷикистон хусусӣ хоҳанд шуд.
Ҳафтаномаи “Фараж” дар ин шумораи хеш ҳамчунин мақолаи таҳлилие бо номи “Шикасти давлат” чоп кардааст, ки дар ин матлаб пайомадҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии “қиёмҳои мардумӣ” ва “инқилобҳои ранга” дар кишварҳои пасошӯравӣ баррасӣ шудааст. Муаллифи матлаб сиёсатшинос Абдуллоҳи Раҳнамо дар ин мақолаи хеш таҳаввулоти солҳои охир дар кишварҳои Украина, Молдова, Гурҷистон, Арманистон ва Қирғизистонро таҳлил карда, пайомади ба истиллоҳ “инқилобҳои ранга” барои ҷомеаи ин кишварҳоро бозгӯ кардааст.
Хулосаи муаллиф ин аст, ки “инқилобҳои ранга” дар ягон кишвари пасошӯравӣ вазъияти иқтисодӣ ва иҷтимоии шаҳрвандони одиро беҳтар накардааст, яъне на теъдоди муҳоҷирони корӣ аз Украинаву Молдова ба Аврупо ва на мавҷи муҳоҷирони арманиву қирғиз ба Русияро кам накард. Ба ибораи дигар, муаллиф таъкид мекунад, ки талоши таъмири хона набояд худи хонаро нобуд созад.
Зиёратҳшоҳи Аҳмадшоҳ,
Радиои “Тоҷикистон”