Боздиди 138 ҳазор нафар аз мавзеъҳои таърихиву фарҳангии Суғд

Дар соли 2021 аз мавзеъҳои таърихиву фарҳангӣ ва боғу гулгаштҳои вилояти Суғд беш аз 138,2 ҳазор нафар, аз ҷумла 2,3 ҳазор нафар сайёҳони хориҷӣ боздид намудаанд. Дар ин бора АМИТ “Ховар” бо такя ба шуъбаи рушди сайёҳии ҳукумати вилояти Суғд хабар дод.

Соли 2021 дар вилоят ҳамзамон ду ширкати сайёҳӣ таъсис ёфта, ҳоло дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 40 ширкати сайёҳӣ  ва 2 ташкилоти ҷамъиятӣ – Шӯрои рушди сайёҳӣ ва Ассотсиатсияи рушди сайёҳии Зарафшон фаъолият мебаранд.

Дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 93 субъекти хизматрасонии сайёҳӣ, аз ҷумла 62 меҳмонхона, 19 осоишгоҳ, 2 маркази муолиҷавӣ, 4 дармонгоҳи табобатӣ-истеҳсолӣ, 4 лагер, 1 хона ва 1 базаи истироҳатӣ бо гунҷоиши 6873 ҷой, 44 осорхона ва 753 мавзеи таърихӣ, 97 зиёратгоҳ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят фаъолият мебаранд.