Тибқи маълумоти ҳавошиносон рӯзҳои 17-18 декабри соли равон дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва ағбаҳо туман дар назар дошта шудааст. Дар робита ба ин дафтари матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири рух надодани ҳодисаҳои нохуш ба сокинон тавсия медиҳад:
Ба навиштаи манбаъ, туман боиси коҳиши биниш шуда, ҳаракати нақлиёт мушкил мегардад. Эҳтимол аст садамаҳои нақлиётӣ афзоиш ёбад.
Барои бехатарӣ дар туман бояд:
— шахсони гирифтори бемориҳои дилу раг аз рафтан ба кӯчаву хиёбон худдорӣ кунанд;
— пиёдагардон бояд ҳангоми гузаштан аз чорроҳаҳо ва роҳҳо эҳтиёт кунанд;
— ронандагони воситаҳои нақлиётӣ ҷиддан қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳоро дар чунин вазъи обу ҳаво риоя намоянд, суръати ҳаракатро боло набаранд;
— мошингузарӣ, пойга омили хатар дар чунин ҳолатҳост;
— ҳангоми убур аз ҷорроҳаҳо, роҳҳои пиёдагузар оҳиста мошин ронед, хеле бадиққат бошед.