Бино ба иттилои сухангӯи Вазорати маориф ва илм Эҳсони Хушбахт, 21 нафар падару модар ва 40 нафар иштирокчии фаъоли озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” бо мукофот ва туҳфаҳои пулӣ қадрдонӣ шуданд.
Тавре манбаъ менависад, нимаи якуми рӯзи 15-уми декабри соли равон бо иштироки муовини Сарвазири мамлакат М.Сатториён, муовини якуми вазири маориф ва илм М.Саломиён ва директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Ҷ.Файзализода як қатор кормандони Вазорати маориф ва илм, Китобхонаи миллии Тоҷикистон, масъулини Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе барои саҳми арзанда дар баргузории озмуни мазкур бо ифтихорномаю сипосномаҳои Вазорати маориф ва илм ва Китобхонаи миллии Тоҷикистон, инчунин 21 нафар падару модари ғолибон бо нишони “Маърифатпарвар” сарфароз гардонида шуданд.
Дар баробари ин, бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 40 нафар иштирокчии фаъоли озмун, хусусан, пиронсолону ятимон ва камбизоатону шахсони дорои имконияти маҳдуд, ки ҷойҳои ифтихориро сазовор шудаанд, ифтихорнома ва туҳфаи молӣ бо маблағи 5000 сомонӣ ва бо дастури вазири маориф ва илм ба 10 нафар иштирокчии озмун фаъоли озмун маблағи 2000 сомонӣ тақдим гардид.
Муовини Сарвазири кишвар М.Сатториён зимни тақдими туҳфаҳо зикр карданд, ки имсол соли сеюм аст, ки зери сарпарастии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” баргузор мегардад ва он ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст ва муҳимтар аз ҳама, озмуни имсола чеҳраҳои навро муаррифӣ кард.
Ёдовар мешавем, ки маросими ҷамъбастии озмун ва тақдими туҳфаҳо ба ғолибон соати 15:00 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ сурат мегирад.