Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти якуми Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Нурсултон Назарбоев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
Дар ҷараёни суҳбат Сарвари давлати мо бо таманниёти нек Президенти якуми Ҷумҳурии Қазоқистонро ба муносибати рӯйдоди таърихӣ – 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Қазоқистон самимона табрику таҳният гуфтанд.
Пешвои миллат саҳми бузурги Президенти якуми Ҷумҳурии Қазоқистонро тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар рушди иҷтимоӣ-иқтисодии кишвар ва ташаккули давлатдории он баланд арзёбӣ намуданд.
Дар ин зимн Сарвари давлати мо зикр намуданд, ки “Дастовардҳои Қазоқистон дар роҳи таҳкими истиқлолият бо номи Шумо ва роҳбарии бисёрсолаи оқилонаи Шумо, Нурсултон Абишевичи муҳтарам, робитаи ногусастанӣ доранд”.
Ҷонибҳо ҳамчунин дар робита ба баъзе масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор намуданд.