Фазлиддин Икромов: Шароити дурусти нигоҳубин дар фасли сармо аз шартҳои асосии зимистонгузаронии чорво мебошад

Рушди соҳаи  чорводорӣ дар баробари дигар бахшҳои соҳаи кишоварзӣ  дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат нақши муҳим дорад. Гузашта аз ин соҳаи мазкур яке аз самтҳои  асосии дастёбӣ ба аҳдофи консепсияи аграрӣ ба ҳисоб меравад. Таҳлилҳои оморӣ собит намуданд, ки тӯли 30 соли даврони соҳибистиқлолӣ соҳаи мазкур бесобиқа рушд намуд.

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фазлиддин Икромов мегӯяд, ки таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамзамон шароити мусоиди иқлими кишвар боис гардид, ки  соҳаи чорводорӣ дар замони истиқлол ба дастовардҳои назаррас ноил гардад. Ҳамсуњбати мо дар такя ба маълумоти оморӣ мегӯяд, ки тӯли 4-5 соли охир истеҳсоли маҳсулоти чорводорӣ то 10 баробар зиёд шудааст.

Воқеан ҳам чорводорӣ яке аз соҳаҳои муҳим ба ҳисоб рафта, рушди он барои ғанӣ намудани буҷаи бошандагони деҳот-афроде, ки ба ин шуғл сарукор доранд, мусоидат мекунад.  Инак, баробари фаро расидани фасли сармо чорводорони кишвар низ сертарраддуд мешаванд, онҳоро масъулият бештар дар самти беталаф баровардани чорво аз давраи зимистони солҳои 2021-ум 2022-ум интизор аст. Ба хотири беталаф баровардани чорво аз фасли сармо чӣ бояд кард?

Шароити дурусти нигоҳубинро дар фасли сармо ҳамсуҳбати мо номзади илмҳои кишоварзӣ Фазлиддин Икромов аз шартҳои асосии зимистонгузаронии чорво медонад.

Бино ба боварии коршиносон зимни зимистонгузаронии чорвои майдаи шохдор истифодаи омехтаи сабуси ҷаву гандум бо дони майдакардашудаи ҷуворимакка нофеъ аст. Ҳамкаломи мо номзади илмҳои кишоварзӣ Фазлиддин Икромов мегӯяд, ки  дар як киллограми ҷуворимакка яку аз сад 34 воҳиди хӯрока мавҷуд аст.

Риояи усулҳои пешгирӣ ва табобати касалиҳои чорворо номзади илмҳои кишоварзӣ Фазлиддин Икромов аз шартҳои дигари беталаф баровардани чорво аз мавсими зимистон медонад. Ин ҳамсӯҳбати мо мегӯяд, ки пешгирии саривақтӣ накардан, боиси ба касалиҳои сироятӣ гирифтор гаштани чорво мегардад.

Пешгирӣ ва табобатии саривақтии чорво, тамиз намудани бошишгоҳҳо ва захираи хӯроки чорво аз амалҳое ҳастанд, ки мувафаққияти чорводор дар фасли сармо аз он вобастагӣ дорад. Набояд фаромӯш кард, ки  соҳаи чорводорӣ аҳолиро бо маҳсулоти  ғизоӣ аз ҷумла гӯшту шир ва соҳаи саноатро бо ашёи хом таъмин менамояд ва муҳимтар аз ҳама дар ноҳияҳои кӯҳсори ҷумҳурӣ манбаи асосии даромади хоҷагиҳо ба ҳисоб меравад,  беталаф паси сарнамудани фасли сармо барои ҳар як чорводор ва дар маҷмӯъ барои кишвар муҳим аст. 

Муродулло  Раҳимов,

“Радиои Тоҷикистон”