Ба иттилои сомонаи вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ рӯзҳои 10-11 ноябри соли 2021 дар шаҳри Санкт-Петербург дар Қасри Таврид, қароргоҳи Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо дастгирии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ, инчунин Вазорати фарҳанги Федератсияи Россия бахшида ба 30-солагии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил чорабиниҳо таҳти унвони «30-солагии ИДМ: таҷриба ва навоварӣ» баргузор гардиданд. Ҳамчунин дар доираи он ҷаласаи мубоҳисавии «Фарҳанг ҳамчун омили асосии рушди сайёҳӣ» сурат гирифт.
Дар чорабиниҳои мазкур муовини вазири фарҳанги Федератсияи Русия Алла Манилова, Дабири кулли Шӯрои Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ Дмитрий Кобицкий, губернатори Санкт-Петербург Александр Беглов ва раиси Кумитаи равобити хориҷии Санкт-Петербург Евгений Григорьев ба ҳайси мизбон иштирок доштанд.
Ҷониби Тоҷикистонро дар ин чорабинии байналмиллалӣ муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода Манучеҳр Муртазо намояндагӣ ва муаррифӣ кард. Ҳамзамон ҳайати роҳбарияти ниҳодҳои фарҳангии аъзои кишварҳои ИДМ аз қабили Севда Мамедалиева аз Ҷумҳурии Озарбойҷон , ҷонишини якуми вазири маданияти Ҷумҳурии Белоруссия Валерий Громада, муовини вазири маданият ва варзиши Ҷумҳурии Қазоқистон Нуркис Дауешов, аз Ҷумҳурии Молдавия Сергиу Продан, ҳамчунин ходимони фарҳанг, роҳбарони китобхонаҳо ва намояндагони бузургтарин осорхонаҳои кишварҳои муштаракулманофеъ ширкат доштанд.