Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Гиромидошти хотираи Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур» насиби рӯзноманигор Қурбон Аламшоев гардид

Дар ҳошияи сазовор истиқбол гирифтани ҷашни муқаддаси миллӣ — 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бо иқдоми Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон — рӯзномаи «Ҷумҳурият» Озмуни ҷумҳуриявии  «Гиромидошти хотираи Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур» эълон гардида буд, ки давоми даҳ моҳ  беш аз 80 мавод ба озмун пешниҳод ва ғолибон муайян гардиданд. Тавре мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, пас аз таҳқиқу омӯзиши мавод ҳайати ҳакамон Шоҳҷоизаро ба ходими илмии Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Баҳодур Искандарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон   Қурбон Аламшоев  тақдим намуданд.

Дипломи дараҷаи як ба Шоири халқии Тоҷикистон Назри Яздон супурда шуд. Мақоми дуюмро дар ин озмун рӯзноманигорон Қурбон Мадалиев, Тиллои Некқадам ва дотсенти Донишгоҳи давлатии шаҳри Хуҷанд Мамадшо Мамадшоев гирифтанд.

Маросими ҷоизасупории озмун дар зодгоҳи Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур- дар  Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Меҳрубон Назарови шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  доир шуд.

Дар маросими ҷоизасупорӣ ходимони илмӣ, рӯзноманигорон, шоирону нависандагон аз шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат доштанд.

Раиси вилоят Ёдгор Файзов ба созмондиҳандагони озмуни ҷумҳуриявӣ барои дар сатҳи баланд гузаронидани он арзи сипос намуда, изҳор дошт, ки “дар зодгоҳи Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур гузаронидани маросими ҷоизасупорӣ фоли нек ва ғамхориву дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти рӯзнома мебошад. Давоми  садсолаҳо ин минтақаи кӯҳистон даҳҳо чеҳраҳои маъруфи илмӣ, таърихӣ ва фарҳангиро дар домани поки худ парварида, ба воя расонидааст, ки Шириншоҳ Шоҳтемур аз зумраи онҳост. Ин марди ҷасур  барои ташкил намудани давлати миллии тоҷикон, барқарор намудани адолат ва ҳақиқати таърихи халқи тоҷик ҷоннисориҳо намудааст.  Ҳақиқати бебаҳс аст, ки ҷавонмарди шуҷоъ ва боғайрати миллат, Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур яке аз ахтарони тобноки тамаддуни навини тоҷик маҳсуб ёфта, аз зумраи шахсиятҳоест, ки нангу номус ва озодиву озодагиро ба ивази ҷон дифоъ карда, ба ғуломиву бардагӣ ҳаргиз розӣ нашуд. Рӯзгори пуртазоди Қаҳрамони Ҷумҳурии Тоҷикистон  Шириншоҳ Шоҳтемур барои наслҳои имрӯзу фардои миллат намунаи ибрат  мебошад”.

Мудири бахши Раёсати маориф, фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Сафарзода ва сармуҳаррири рӯзномаи «Ҷумҳурият» Қурбоналӣ Раҳмонзода низ аз хусуси роҳандозӣ намудани озмуни ҷумҳуриявӣ ва иштироки фаъолонаи аҳли ҷомеа, хусусан доираи васеи  олимону адибон, шоирону нависандагон ва рӯзноманигорон дар ин озмун изҳори хушнудӣ намуданд.

Зикр гардид, ки озмуни мазкур дар муддати кӯтоҳ таваҷҷуҳи садҳо нафар олимону адибонро ба омӯзиши ҳаёту рӯзгор ва осори Шириншоҳ Шоҳтемур ҷалб намуда, маъхазҳои зиёди таърихӣ, баъзе дастхатҳо ва номаҳои муҳими ба сарнавишти миллати мо рабтдошта ошкор шуданд.