1 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар маҳаллаи Меҳрободи ноҳияи Синои пойтахт Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 133-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳаи рамзӣ ба фаъолияти муассисаи навбунёди таълимӣ оғоз бахшида шуд.
Мавриди зикр аст, ки мактаби замонавии бошукӯҳ дар партави сиёсати маорифпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи тадбирҳои созандагӣ ба истиқболи сазовори ҷашни бошукӯҳи миллӣ – 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иқдомҳои бунёдкоронаи роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо мақсади фароҳам овардани шароити арзандаи таълим барои насли ояндаи миллат аз тарафи соҳибкори ватанӣ — директори Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Моҳир семент» Баҳриддин Ҷурахонов бо тарҳи муосир ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ сохта шудааст. Муассисаи таълимӣ аз 4 қисми ба ҳам пайвасти 4 ошёна иборат буда, барои 2 ҳазору 560 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст.
Муассисаи замонавии таълимӣ дорои 68 синфхонаи барҳаво, аз ҷумла, кабинетҳои фаннии химия, физика, математика, астрономия, табиатшиносӣ, биология, география, синфхонаҳои лингафонӣ, нақшакашӣ, таълими меҳнат барои писарон ва духтарон, синфхонаҳои компютерӣ, омодагии дифои ҳарбӣ, толори мусиқӣ ва хореографӣ, озмоишгоҳҳо, китобхона бо толори барҳавои хониш, китобхонаи электронӣ, ҳуҷраҳои корӣ барои омӯзгорону кормандони муассиса ва дигар иншооти ёрирасон мебошад.
Дар мактаби мазкур барои омӯзгорон ва хонандагоне, ки имконияташон маҳдуд аст, лифти замонавӣ насб гардидааст. Дар ҳуҷраҳои озмоишгоҳии мактаб асбобу аёниятҳои дарсӣ мавҷуданд, ки барои дар амал гузаронидани таҷрибаҳои гуногун хонандагон аз онҳо босамар истифода мебаранд. Дар синфхонаи барҳавои компютерӣ, ки бо муосиртарин дастгоҳҳо муҷаҳҳаз аст, хонандагон имкон доранд, аз нозукиҳои кор бо технологияи иттилоотӣ бохабар бошанд.
Дар синфхонаҳои барҳавои таълими меҳнат, ки бо дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ таъмин аст, хонандагон дуредгарӣ, кандакорӣ, дӯхтани сару либоси миллиро омӯхта, бо роҳнамоии омӯзгорон таомҳои гуногун омода менамоянд. Барои дӯстдорону алоқамандони санъати тасвирӣ синфхонаи алоҳидаи дарсӣ, ки дар он нозукиҳои рассомӣ омӯзонида мешавад, ташкил гардидааст. Дар умум, дар аксари синфхонаҳои таълимгоҳ муосиртарин шароит барои илмомӯзӣ, аз ҷумла видеопроектор бо тахтаҳои электронӣ мавҷуд аст.
Ёдовар мешавем, ки 9 ноябри соли 2018 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои бунёди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 133 дар маҳаллаи Меҳрободи ноҳияи Синои пойтахт санги асос гузошта буданд. Он рӯз ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаҳои 7 мактаби нав дар ҳудуди шаҳри Душанбе муаррифӣ карда шуд, ки муассисаҳои таълимӣ барои 17 ҳазору 80 ҷойи нишаст пешбинӣ гардидааст. Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 133 дар ноҳияи Сино аз ҷумлаи иншооти мазкур буда, дар муҳлати муқарраршуда бо сатҳу сифати баланд сохта, ба истифода супорида шуд. Акнун, хонандагон бо истифода аз муосиртарин шароити илму ҳунаромӯзӣ дар ин таълимгоҳи боҳашамати замонавӣ таҳсил мекунанд.
Барои тарғибу ташфиқи бештари варзиш ва ба ин восита ташаккул додани тарзи ҳаёти солим дар муассисаи таълимӣ толори бошукӯҳи варзишӣ сохта шудааст. Дар толори варзишӣ асосан бозиҳои футболи хурд, волейбол ва баскетбол гузаронда мешаванд. Ҳамчунин дар саҳни муассиса майдончаи муосири варзишӣ низ бунёд гардидааст, ки хонандагон дар он ба бозии футбол машғул мешаванд. Бо мақсади ташкил ва баргузор кардани ҷамъомаду чорабиниҳои гуногуни оммавию фарҳангӣ дар таълимгоҳ толори барҳавои маҷлисӣ бо 220 ҷойи нишаст сохта шудааст. Маҷлисгоҳ бо мизу курсии босифат ва дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз буда, бо санъати миллии меъморӣ оро ёфтааст. Дар ошёнаи якуми бинои муассиса ошхона мавҷуд аст, ки барои 200 ҷойи нишаст пешбинӣ гардидааст ва дар он барои таълимгирандагон ғизоҳои гарму болаззат пешниҳод мегардад. Дар мактаб барои таълиму тарбияи хонандагон 60 нафар омӯзгори соҳибтахассус кору фаъолият менамоянд.
Ҳадаф аз бунёд ва дар “Рӯзи дониш ва дарси сулҳ” ба истифода супоридани боз як муассисаи нави таълимӣ дар шаҳри Душанбе ин идомаи мантиқии сиёсати маорифпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва таваҷҷуҳи пайвастаи роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои рушди соҳаи маориф ва ба ин восита беҳтар намудани сатҳу сифати таҳсилот, ҷорӣ кардани усулҳои нави таълим ва тарбияи хонандагони болаёқат дар руҳияи илмдӯстӣ мебошад. Саҳн ва атрофи бинои нави муассисаи таълимӣ сабзу хуррам буда, дарахтони сояафкан ва гулу буттаҳои ороишӣ шинонида шудааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ бо шароитҳои муҳайёшуда дар иншооти таълимии навбунёд ба сатҳу сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, ба соҳибкори ватанӣ барои саҳм гузоштан дар раванди ободонию созандагӣ ва бунёди мактаби муосири бошукӯҳ изҳори сипос карданд.
Дар ҳамин ҷо соҳибкори ватанӣ иқдом гирифт, ки боз як муассисаи нави таълимӣ барои 2400 нафар хонанда дар ду баст дар шаҳри Душанбе дар давоми се сол сохта ба истифода медиҳад.