“Мардуми Афғонистон аҳамияте барои давлатмардони амрикоӣ надоранд!”, “Пентагон хуруҷи низомиён аз Олмонро харобкорона медонад. Ва ё нигаронии НАТО аз тасмимоти ғайриқобили пешбинии Трамп қабл аз интихоботи Амрико”, “Билохира Макрон аз нажодпарастии полис дар ИМА интиқод кард”, “Мақолаи Борис Ҷонсон дар бораи истеъморгарӣ дардисарсоз шудааст?” аз қабили мақолаҳои сербаҳс дар расонаҳои ҷаҳон дар щафтаи равон буданд.
“8-и Субҳ”
Рӯзномаи “8-и субҳ” -и чопи Кобул дар яке аз матолиби ахираш бо ишора ба ду даҳаи ҳузури сарбозони ИМА дар Афғонистон ва тавофуқи сулҳи ин кишвар бо Толибон навиштааст, ки Вашингтон аз ҳуқуқи мардуми ҷафокашидаи Афғонистон чашмпӯшӣ мекунад, зеро шикояти як миллион мардуми Афғонистонро нодида гирифтааст.
Ин рӯзномаи чопи Кобул дар идома навиштааст: “ҳукумати ИМА ба вижа Доналд Трамп, президенти ин кишвар ба далели манофеи зудгузари хеш ва ба намоиш гузоштани як дастоварди намодин дар ҷанги Афғонистон, тамоми арзишҳо ва ҳуқуқи асосии як миллатро нодида гирифта, ба ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва инсонӣ, бетаваҷҷуҳӣ зоҳир намуда, хостори озодии 5 ҳазор зиндонии Толибон аст.”
“Ҳашти субҳ” бо ишора ба гузориши ахири СММ дар бораи Толибон ва ташкили «Ҳизби вилоят» навиштааст, ки Толибон дар пайи истиқрори сулҳ ва қатъи ҷанг дар Афғонистон нест. Дар идома ин матлаб омадааст: “акнун, ки гуфтугӯҳои сулҳ ва кашидани пойи гурӯҳи Толибон ба мизи музокирот матраҳ шудааст, баъзе аз созмонҳои истихборотӣ, ки сулҳ ва субот дар Афғонистонро ба зиёни хеш мепиндоранд, талош мекунанд, то бо афроди тундрав даст ба эҷоди гурӯҳҳои табоҳкор зананд”.
Дар ҷойи дигари ин матлаб аз ҳукумати Афғонистон талаб шудааст, то барои ҷилавгирӣ аз пайдоиши гурӯҳҳои нави террористӣ таҳти номҳои мухталиф барномаҳои ҷиддӣ рӯи даст гирифта шавад ва аз Амрико низ талаб шавад, то иҷоза надиҳад, ки хилофи барномаи тавофуқномаи Қатар гурӯҳҳои ҷадид дар Афғонистон зуҳур кунанд.
“Вашингтон пост”
Рӯзномаи “Washington post” бо нашри матлабе атрофи хурӯҷи низомиёни Амрико аз Олмон навиштааст, ки ин тасмими президент Трамп як амали харобкоронаро мемонад. Пентагон, раванди коҳиши ҳузури артиши Амрико дар Олмонро, ки тавассути Доналд Трамп, президенти ИМА эълон шудааст, иқдоми талофиҷӯёна медонад. Ба навиштаи рӯзнома, хурӯҷи нируҳои НАТО муддати зиёд тӯл хоҳад кашид ва барои иҷрои ин тарҳ, Трамп ба кӯмаки вазорати мудофиаи ИМА (Пентагон) ниёз дорад. Чун ӯ қавл дода буд, ки теъдоди сарбозони кишваашро дар Олмон ба 25 ҳазор нафар коҳиш медиҳад.
“Washington post” дар идома ёдовар мешавад, Пентагон дархости сареҳи президентро нодида намегирад, зеро як манбаъ ба ин нашрия гуфтааст: “ҳар чи қадар роҷеъ ба бархе ҷанбаҳои хуруҷи сарбозон аз Олмон фикр кунед, ҳеҷ чизи қаҳрамононаеро дар намеёбед ва дар ин самт аҳдофи баёншудаи президентро нодида нагиред.”
Президент Трамп расман, иллати ин тасмимашро дар амал накардани ҳукумати Олмон ба тавофуқоти молии бастааш дар қиболи НАТО эълон кардааст. Дипломатҳои НАТО ҳам ин масъаларо таъйид карданд, ки тасмими Трамп барои бозгардондани бахше аз неруҳои худ аз хоки Олмон нигарониҳои бештаре дар ин эътилофи низомӣ эҷод кардааст. Нигаронии аслии НАТО он аст, ки чунин тасмим бидуни машварати қаблӣ бо мақомоти низомии Амрико гирифта шудааст.
Ин рӯзнома хотирнишон мекунад, ки дар мавриди хуруҷи сарбозон аз Афғонистон низ, вазъияти мушобеҳ вуҷуд дорад. Кохи сафед мехоҳад, қабл аз интихобот ҳазорон сарбози артиши боқимондаро аз онҷо берун кашад, то яке аз ваъдаҳои президент Трамп дар охирҳои замони зимомдриаш иҷро шавад. Яъне ӯ дар назар дорад, ки қабл аз интихоботи президентии моҳи ноябри соли ҷорӣ дар бораи бозгардондани сарбозони Амрико аз Афғонистон ҳам тасмимгирӣ кунад. Бар асоси навиштаи ин рӯзнома, Пентагон дар навбати худ ба ҳар тариқ монеъи расидан ба ин ҳадаф мешавад.
“Washington post” Трамп ба интихоб кунандагони худ дар аввалин даври интихобаш ба унвони президенти ИМА ваъдаи бозгардондани низомиён ба кишварашро дода буд.
“Лемонде”
Рӯзномаи фаронсавии “Le Monde” бо нашри матлабе аз идомаи эътирозоти густурда дар Фаронса дар пайи марги Ҷорҷ Флойд, шаҳрванди сиёҳпӯсти Амрико ба дасти як полиси сафедпуст навиштааст, ки дар ниҳоят президент Макронро водор кардааст, то дар ҷаласаи Шӯрои вазирони кишвараш сароҳатан лаб ба интиқод аз давлати Трамп кушояд.
Сибет Андиай, сухангӯи президенти Фаронса ба нақл аз Эмануел Макрон гуфтааст, ки ӯ нажодпарастӣ ва табъизро дар ин кишвар мусибат медонад ва хостори тақвияти иқдомот алайҳи нажодпарастиро шудааст.
“Le Monde” навиштааст, изҳороти ахири Макрон алайҳи миллатгароӣ дар ҳолест, ки Флойди сиёҳпӯсти амрикоӣ танҳо қурбонии хушунати полиси Амрико набуда, табъизи нижодӣ алайҳи шаҳрвандони сиёҳпӯст дар солҳои гузашта низ хашму эътирозти мардуми амрикоиро барангехта аст. Рӯзномаи фаронсавӣ хотирнишон кардааст, ки борҳо эътирозгарон дар Париж хоса афроди сиёҳпуст қурбонии бархурдҳои хушунатомез аз сӯи полис шудаанд. Бар асоси наворхои виеоӣ, ки аз тарафи рӯзноманигорон нашр шудаааст, дида мешавад, ки дар Фаронса полис мардеро бо вуҷуди хунрезӣ мавриди зарбу лати шадид қарор медиҳад.
“Дейли телеграф”
Рӯзномаи “Daily Telegraph”-и чоп Британия атрофи мақолаи 18 сол пеш навиштаи Ҷонсон дар бораи истеъморгарӣ, ки алъон барояш як навъ “дардисарсоз” менамояд, матлабе чоп кардааст. Яъне, Борис Ҷонсон, нахуствазири феълии Британия соли 2002 ба унвони як рӯзноманигор ва намояндаи муҳофизакори парлумони Англия дар маҷаллаи “Спектатор” навишта буд: “Истеъморгарӣ дар Африқо ҳаргиз набояд поён меёфт, зеро нақши кишварашро дар ғуломдорӣ кам аҳамият медонист…”. Ӯ дар мақолааш навишта буд, “африқоиҳо бидуни ҳидояти империяи вақти Британия наметавонистанд, маҳсулоти кишоварзиро бо сифати баланд барои содирот кишт кунанд…”. Дар ин ёдошт ӯ навишта буд: “масъала ин нест, ки мо замоне он ҷо масъул будем, балки масъала ин аст, ки мо дигар масъул нестем ва ихтиёре дар он ҷо надорем…”.
“Daily Telegraph” навиштааст, ҳоло мухолифин дар порлумони Британия, махсусан лейбористҳо акнун Борис Ҷонсонро барои чунин мавзеъгириаш бозхонд мекунанд, то шарҳ диҳад, оё ҳанӯз чунин дидгоҳҳое, ки дар он замон иброз намуда буд, онро қабул дорад? Яъне, имрӯз ҳам дар ҳамон дидгоҳаш устувор аст?
Рӯзномаи Дейли Телеграф навиштааст: Б. Ҷонсон, дар мавриди истеъморгарони Англия дар шаҳрҳои минтақаи Африқо таъкид намуда буд, ки онҳо бояд сари ҷояшон монанд, то ба мо дар бораи гузаштаи худамон бо ҳама навоқисаш дарс диҳанд.
Ӯ дар он матлабаш ба сароҳат навишта буд: “беҳтарин сарнавишт барои Африқо ин хоҳад буд, ки қудратҳои пешини истеъморгар ё шаҳрвандони онҳо бори дигар бо ин тафоҳум, онҷо раванд”. Яъне мақола мазкур, ки ҳангом сардабири Ҷонсон дар маҷаллаи “Спектатор” нигошта шудааст, фош мекунад, ки нахуствазири Британия дар ҳақиқат фаъолитҳои истеъморгаронаи Англия дар қора Африқоро таҳсин мекардааст.
Бар асоси навиштаи рӯзномаи бритониёӣ ҳафтаи гузашта, атрофи муҷассамаи Черчил дар Лондон аз тарси сар задани харобкорӣ пӯшонида шуд. Ин ҳам бо бологирифтани эътирозҳои зидди нижодпарастона баъд аз кушта шудани Ҷорҷ Флойди, сиёҳпуст дар Амрико аст. Пас аз ин ҳодиса, ҳоло дар чанд кишвари аврупоӣ ҳамла ба муҷассамаҳо ба навъе намоди табъизи нажодӣ дошта, афзоиш ёфтааст. Дар ин росто давлати Британия ҳам нигарони он шудааст, ки эҳтимол ба муҷассамаи Уистон Черчил дар майдони парлумон садама ворид шавад ва атрофи ин муҷассамаро дар шаҳри Лондон бо метали филизӣ пӯшондааст. Зеро дар як тазоҳуроти ахир дар ин кишвар, зери девори муҷассамаи ӯ навиштаанд, “ӯ (Черчил) нижодпараст буд”.
Дар робита Борис Ҷонсон, нахуствазир Биритониё гуфтааст, ин шармовар аст, ки муҷассамаи Уистон Черчил аз тарси харобкорон пӯшонида шавад. Ӯ қаҳрамони миллӣ аст, ки кишварро дар муқобили як “ҳукумати нижодпарасти фашистӣ” ҳифз кардааст. Ва “мо наметавонем гузаштаи худро тағйир диҳем ё сонсур кунем”. Ҷонсон гуфтааст, ки “сарнагунии муҷассамаҳо талоше барои пок кардани таърих Британия аст, ба вежа касоне, ки ба муҷассамаи Уистон Черчил, нахуствазири даврони ҷанги дувуми ҷаҳонӣ осеб расонданд, пайи пок кардани таърихи ин кишвар ҳастанд.”
Ин дар ҳолест, ба гуфтаи мунтақидон, Черчил ҳам ба унвони фарди нажодпараст шинохта мешавад, чун ҳанӯз дар бораи назари нажодӣ ва баъзе иқдомоти ӯ дар даврон ду ҷанг эрод гирифта мешавад.
Хайрулло Шарипов
Радиои Тоҷикистон