Мутахассисони соҳаи кишоварзӣ хоҷагиҳои деҳқонии пахтакорро ҳушдор менамоянд, ки дар тамоми қитъаҳои пахтазор аз воситаҳои муборизаи биологӣ, аз ҷумла трихограмма ва габробракон васеъ истифода намоянд. Зеро ба гуфтаи онҳо аз даҳаи сеюми моҳи июл вобаста ба мусоид омадани боду ҳаво пайдоиш ва паҳншавии кирми ғӯза дар аксари қитъаҳои пахтазор бо суръат паҳн гардида истодааст. Дар сурати таъҷилан ба муқобили он чора наандешидан, ҳосили расидаи пахта талаф хоҳад ёфт.
Аз қавли Раёсати кишоварзии ноҳияи Мастчоҳ ҳафтаномаи Машъали ноҳия навиштааст, ки дар пахтазор ин ҳашароти хавфнок асосан ба шона, гул, муғчаи кӯрак зарар расонида, то панҷоҳ фоизи ҳосилро нобуд месозад. Тухми кирми ғӯза курашакл буда, диаметраш 0,5-0,6 мм ва 26-28 қабурғаи қадакӣ дорад, рангаш сафедтоб аст. Барои инкишофёбии тухми он 2,5 – 4 рӯз лозим аст. Кирмҳо дар шакли ранги сабзина, сафедтоб, гулобӣ, бунафша ва сиёҳтоб во мехӯранд.
“Аз рӯи мушоҳидаҳои мутахассисони соҳаи кишоварзӣ имрӯз критерияи паҳншавии кирми ғӯза ба муборизаи биологӣ рост омада истодааст. Оиди биологияи кирми ғӯза қайд кардан зарур аст, ки ин ҳашарот ниҳоят хавфнок буда, дар шароити иқлими Тоҷикистон, асосан ба майдонҳои кишти пахтазор, помидор ва ҷуворимака зарар мерасонад»,-навиштааст манбаъ.
Ҳамчунин, гуфта мешавад, ки кирми ғӯза дар мавсим чор маротиба насл медиҳад ва барои тараққиёти ҳар давраи инкишофи кирм 16 – 20 рӯз лозим аст.
Таҳлили гурӯҳи кории Раёсати кишоварзии ноҳия нишон дод, ки пайдоиш ва паҳншавии кирми ғӯза дар минтақаи заминҳои тагнамашон баланд бештар ба мушоҳида мерасад.