Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз қатъ гардидани ҳаракат дар баъзе кӯчаҳои пойтахт хабар медиҳад.
Ба иттилои мақомот дар робита ба гузаронидани тамринҳои сафороӣ ва Паради ҳарбӣ бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаракати ҳамагуна воситаҳои нақлиёти автомобилӣ дар кӯчаи Ҳофизи Шерозӣ (аз буриши кӯчаи Карамов то буриши кӯчаи Саъди Шерозӣ) аз 10 то 26 август ҳамарӯза аз соати 15:00 то соати 21:00 ва дар хиёбони Исмоили Сомонӣ (аз буриши хиёбони Рӯдакӣ то буриши хиёбони Абуалӣ ибни Сино) аз 27 август то 7 сентябри соли 2021 аз соати 18:00 то 23:00 қатъ мегардад.
Манбаъ хабар додааст, ки ҳаракати автобусҳои хатсайрҳои №29, микроавтобусҳои №№19, 35 ва 58 тариқи кӯчаи Карамов, Низоми Ганҷавӣ ва ҳаракати автобуси хатсайри №22 ба воситаи хиёбони Рудакӣ ба роҳ монда мешаванд.
Дар ин бора, қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 09.08.2021, №470 ба тасвиб расонида шудааст ва аз ронандагони ҳамагуна воситаҳои нақлиёти автомобилӣ эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки аз кӯчаву хиёбонҳои ҳамшафат ба кӯчаи Ҳ.Шерозӣ ва хиёбони И.Сомонӣ истифода баранд.