Дар ҷараёни сафари кории худ ба Австрия Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон бо роҳбари Дафтари СММ дар Вена – муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид хонум Ғода Фатҳӣ Валӣ мулоқот намуда, ҷонибҳо вазъи амниятии Афғонистон ва муташанниҷ шудани вазъ дар ин кишвар ба дигар кишварҳои ҷаҳон, пурзӯр намудани муқовимат ба гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор, дар ин замина муқовимат ба терроризм ва маблағгузории он, мубориза бо ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, хариду фурӯши одамон, муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва як қатор масъалаҳои дигарро баррасӣ карданд.
Маркази матбуотии Прокурори генералӣ менависад, ки Хонум Ғода Фатҳӣ Валӣ махсусан иброз дошт, ки барномаҳои татбиқшаванда ва лоиҳаҳои нави Раёсат дар Осиёи Марказӣ бо нигоҳ ба маълумоти дастрасгардида ва бо инобати хатару чолишҳои имрӯза бознигарӣ карда мешаванд. Дар ин замина сафари коршиносони аршади Раёсат ба Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта мешавад.
Ба иттилои манбаъ, дар ин сафар Юсуф Раҳмон, ҳамчунин бо о Директори Маркази пешгирии низоъҳои Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо-ҳамзамон муовини роҳбари Котиботи САҲА хонум Туула Юреля ва роҳбари Раёсати хатарҳои фаромиллии ниҳоди мазкур хонум Купчина Елена Николаевна дидор намудааст. Дар ин мулоқот тарафҳо масъалаи роҳ надодани иштироки шахсони ҷиноятпеша дар чорабиниҳои САҲА, вазъи амниятӣ дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва таъсири он ба кишварҳои аъзои САҲА ва берун аз он, ҳамзамон масъалаҳои болозикрро низ мавриди баррасӣ қарор доданд.
Маркази матбуотӣ дар хабари дигар гуфтааст, ки 3 август дар доираи сафари кории Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники адлия Раҳмон Юсуф Аҳмадзод ба Ҷумҳурии Австрия мулоқоти ӯ бо Директори генералии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Австрия, муовини Прокурори генералӣ, намояндагони баландпояи Вазорати корҳои дохилии ин кишвар ва дигар шахсони расмӣ доир гардиданд.
Дар рафти гуфтушунид, масъалаҳои муқовимат ба терроризм ва экстремизм, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, таъмин ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи шартномаҳои байналмилалии СММ, вазъи амниятии Афғонистони ҳамсоякишвар ва таъсири он ба минтақа ва ҷаҳон, истирдоди ҷинояткорони дар кофтукови байналмилалӣ қарордошта ва хавфи онҳо ба Иттиҳоди Аврупо бо мисолҳои мушаххас, расонидани ёрии ҳуқуқӣ бо парвандаҳои ҷиноятӣ ва дигар масъалаҳои мубрами ҳуқуқӣ таҳти баррасӣ қарор дода шуданд.