Аз ҷониби сохторҳои қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ дар 6 моҳи гузашта 2 ҳолати суйиқасд ва 1 амали террористӣ, инчунин 526 ҷинояти хусусияти террористӣ ва экстремистидошта муайян ва ба қайд гирифта шуд.
Ин оморро вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода дар нишасти матбуотӣ гуфта, илова кард, ки дар натиҷаи баргузор кардани корҳои фаҳмондадиҳӣ давоми 6 соли охир беш аз 600 нафар аъзои ташкилоти терроритӣ ва гурӯҳҳои ифротӣ ба ватан – ба ҳаёти осоишта баргардонида шуданд.
Дар натиҷаи пурзӯр намудани ҳамкориҳои мақомот бо аҳолӣ дар ин давраи ҳисоботӣ 428 адад силоҳи оташфишони, аз ҷумла 29 автомат, 44 таппонча, 73 милтиқ ва карабин, 8 силоҳи милаш рахпеч, 263 силоҳи суфтамил, 11 найзакорд ва дигар лавозимоти ҷангӣ мусодира карда шуд. Ба маълумоти вазир аз соли 1994 то имрӯз дар ҷумҳурӣ 44 465 адад силоҳ мусодира гаштааст.
Ҳамчунин, гуфта шуд, ки дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯйи дар ин давра аз тарафи ҷузъу томҳои мақомот 1301 нафар ҷинояткорони дар ҷустуҷӯ қарордошта муайян ва дастгир карда шуданд.