24-уми июли соли равон, тибқи мувофиқаи қаблии раисони ҷамоатҳои Чоркӯҳи шаҳри Исфара ва Оқсойи ноҳияи Боткен, сокинони шаҳри Исфара ба тоза намудани мавзеи Куммазори маҳаллаи И.Файзуллоеви ҷамоати деҳоти Чоркуҳ шурӯъ намуданд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маркази матбуоти Қӯшунҳои Сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, соати 9:30 беш аз 20 нафар сокинони деҳаи Коктоши ҷамоати Оқсойи ноҳияи Боткени Ҷумҳурии Қирғизистон ба мавзеи наздисарҳадии Қуммазор маҳаллаи И.Файзуллоеви ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара омада, бо шаҳрвандони Тоҷикистон муноқишаи лафзӣ намуданд. Сипас шаҳрвандони Ҷумҳурии Қирғизистон ба тарафи шаҳрвандони ҶТ сангпартоӣ карданд.
Бо мақсади ҳалли қазияи мазкур ба ҷойи ҳодиса сарҳадбонони ҳар ду ҷониб ҳозир шуданд. Сарҳадбонони Қирғизистон бар хилофи талаботи муқаррароти банди 4-уми Меморандум оид ба ҳамдигарфаҳмӣ байни КДАМ ҶТ ва КДАМ ҶҚ (ш.Тошканд, 07.11.2019), Протоколи мулоқоти кории Фармондеҳони ҚС ҶТ ва ҶҚ аз 20.06.2007 ва дигар созишномаҳои баимзорасида амали ғайриқонунии сокинони деҳаи Коктошро дастгирӣ намуда, бе ягон асос нисбат ба шаҳрвандон ва сарҳадбонони Тоҷикистон аз силоҳи оташфишон истифода карданд. Марзбонони тоҷик ба амали ғайриқонунии сарҳадбонони қирғиз ҷавобан тир кушоданд.
Изҳороти Хадамоти марзбонии КДАМ Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба қарор доштани мавзеи Қуммазор дар ҳудуди ин кишвар, ки дар сомонаҳои қирғизӣ нашр гардидааст, асоси ҳуқуқӣ надорад. Зеро, тибқи ҳуҷҷатҳои тақсимоти миллӣ-ҳудудии солҳои 1924-1927 ва маводҳои комиссияи паритетии соли 1989 минтақаи мазкур (координатҳои топографии 390 57I 00II, 700 33I 00II) пурра ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон тааллуқ дорад.
Хулосаи саросемавор ва ҳамзамон сарфи назар кардани меъёрҳои ҳуқуқии тибқи талаботи муқарраргардидаи муносиботи байналхалқӣ қабулшуда дар масъалаи мансубияти ҳудудӣ ва эълони шитобкорона ва яктарафаи қазияҳои сарҳадӣ дар ВАО, ба манфиати дарки дурусти масъала ва эҷоди боварии тарафайн хизмат нахоҳад кард.
Намояндагони Хадамоти марзбонии КДАМ ҶҚ бар хилофи банди 6-уми Протоколи мулоқоти роҳбарони комиссияҳои байниҳукуматии ҶТ ва ҶҚ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ аз 05.06.2021 (Қарамиқ) ахбори бо ҷониби Тоҷикистон мувофиқа нашударо паҳн намуданд.
Масъалаи зикргардида мавриди баррасӣ ва таҳқиқи намояндагони расмии мақомоти дахлдори Тарафҳо қарор дорад.