Санҷар Хайруллоев имсол Литсей-интернати Президентиро хатм карда, ҳуҷҷатҳояшро ба Маркази миллии тестӣ супоридааст. Ӯ рушди инноватсиониро ба инобат гирифта, мехоҳад дар оянда барномасоз шавад.
Мисли Санҷар имрӯз беш аз 14 ҳазор довталаб имтиҳонҳои қисми «А»-и кластери табиӣ ва техникиро месупоранд. Ба иттилои Mаркази миллии тестӣ имсол беш аз 103 ҳазор нафаре, ки дар даври асосӣ ҳуҷҷат супоридаанд, имтиҳон доранд. Марказ мегӯяд, даври асосии имтиҳонҳои дохилшавӣ то 7 июл дар 47 маркази имтиҳонсупории 18 шаҳру ноҳияи кишвар сурат мегирад.
Аз субҳи барвақт довталабон бо наздикони худ пушти дари Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11-и пойтахт ҷамъ омадаанд, зеро инҷо низ яке аз маркази имтиҳонсупорист. Ба иттилои намояндагони Маркази миллии тестӣ аз қариб 300 нафар довталаб беш аз 250 нафараш барои супоридани имтиҳон ба ин муассиса ҳозир шудаанд. Бо ба инобат гирифтани хуруҷи дубораи коронавирус дар даромадгоҳ ҳарорати бадани онҳоро санҷида, иҷозаи ворид шудан медиҳанд. Ба гуфтаи масъулин дар ин марказ ягон товталабро бо ҳарорати баланд ошкор накардаанд. Аммо як нафар волидайн дар суҳбати бидуни микрофон гуфт, ки дар зери офтоб ва дар як ҷой ҷамъ кардани довталабон метавонад ба ҳолати рӯҳии онҳо таъсир расонад, зеро майнаи сари онҳо хаста шуда, имтиҳонро бо нерӯи тоза намесупоранд.
Мувофиқи тартиби муқарраркарда шумораи довталабон дар ҳар як синфхонаи имтиҳонӣ бояд аз 15 нафар беш набошад. Саволномаҳои имтиҳонӣ низ танҳо баъд аз оғози соати имтиҳонӣ кушода мешаванду барои ҷавоб навиштан ба довталабон 220 дақиқа муқарар шудааст. Дар ҳамин вақт падару подарон имкон доранд, ки тариқи монитор ва камераҳои назоратӣ рафти имтиҳонсупориро мушоҳида намоянд. Довталабон барои иштирок бояд танҳо ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият, даъватнома, 2 дона ручкаи одии рангаш сиёҳ, ниқоби тиббӣ ва аз рӯйи хоҳиш оби нӯшокии шаффоф дошта бошанд.
Бояд гуфт, ки ҷавобҳои дурусти саволу масъалаҳои тестӣ дар давраи баргузории имтиҳонҳо ҳамарӯза пас аз анҷоми имтиҳонҳо дар сомонаи Марказ ба нашр мерасанд. Эълони натиҷаҳои имтиҳонҳо 20 июли соли ҷорӣ ба нақша гирифта шудааст.