Раиси Думаи давлатӣ Вячеслав Володин субҳи 1 июл дар Душанбе бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кард ва паёми сарвари Россия Владимир Путинро ба ӯ расонид. Дар ин бора имрӯз хадамоти матбуоти палатаи поёнии парлумони Россия иттилоъ додааст, хабар медиҳад ТАСС.
«Раиси Думаи давлатӣ ба Президенти Тоҷикистон паёми гарми шодбошии Президенти Федератсияи Россия Владимир Путинро расонид. Вячеслав Володин ва Эмомалӣ Раҳмон масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба ва рушди муносибатҳои Россия ва Тоҷикистонро баррасӣ карданд», — зикр шудааст дар хабар.
Ба гуфтаи Володин, парлумонҳои ҳарду кишвар барои таъминоти қонунии қарорҳои дар сатҳи сарони давлатҳо қабул шуда, корҳои зиёдеро анҷом медиҳанд.
Эмомалӣ Раҳмон ва Вячеслав Володин нақши СААД ва Ассамблеяи Парлумонии (АП) онро дар ҳаллу фасли масъалаҳои амнияти кишварҳои иштирокчӣ, инчунин мушкилоти вобаста ба ташаккули рӯйхати ягонаи ташкилотҳои террористиро дар доираи блоки низомӣ баррасӣ карданд.
Володин бо сафари корӣ дар Душанбе қарор дорад. Имрӯз ӯ ҷаласаи Шӯрои АП СААД -ро баргузор мекунад, инчунин бо Раиси Палатаи болоии парлумони Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ва раиси Палатаи поёнии парлумони Афғонистон Мирраҳмон Раҳмонӣ мулоқот мекунад.