Хуруҷи дубораи коронавирус дар Тоҷикистон, мушкилоти дарёфти билети парвоз ба Русия, наздик шудани Толибон ба марзҳои Тоҷикистон ва пирӯзии Иброҳим Раисӣ дар интихоботи президентии Эрон аз мавзуҳои меҳварии нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Душанбе аст.
“Ҷумҳурият”
Нашрияи расмии “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 23 июн мавзӯи таъмини ниёзмандон бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ ва аз гардиши кишоварзӣ берун мондани заминҳои обиро дар мусоҳиба бо Ориф Хоҷазода раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ матраҳ кардааст.
Ба гуфтаи Ориф Хоҷазода аз соли 2009 то инҷониб қариб 22 ҳазор гектар замини наздиҳавлигӣ барои эҳтиёҷмандони шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ ҷудо гардида, бад ин тартиб 57 дарсади ниёзмандон бо қитъаи замин таъмин гаштанд. Вай таъкид кардааст, ки дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ 3313 ҳолати қонунвайронкунии замин ошкор ва нисбат ба 2994 ҳолат парвандаи маъмурӣ тартиб ёфта, ба маблағи 1383448 сомонӣ қарори ҷаримабандӣ қабул гашт.
Ҳамзамон дар идмоаи ин мавзуъ раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ гуфтааст, омӯзишу таҳлилҳо нишон доданд, ки 20523 гектар замини корами обӣ бинобар аз кор баромадани шабакаҳои обкашӣ, кандашавии хатҳои алоқа бо сарчашмаҳои обгирӣ, камшавии дебети об ва хушкшавии чашмаҳо ҳамчун заминҳои корами лалмӣ истифода мешавад.
“Ҷумҳурият” дар матлаби дигаре аз вазъияти ногувори Маҷмааи фарҳангӣ ва фароғатии «Кӯли ҷавонон» дар шаҳри Кӯлоб изҳори нигаронӣ кардааст. Ба навишати муаллиф барои барқарорсозии ин маҷмааи фароғатӣ аз буҷети маҳаллӣ наздики 3 миллиону 500 ҳазор сомонӣ масраф шуда буд, аммо мутаассифона, айни ҳол кӯл ба харобазор ва чарогоҳи чорво табдил ёфтааст.
Дар ҳамин ҳол Баҳром Рустамов, директори мактаби варзишӣ, гуфтааст, ки «Кӯли ҷавонон» дар тавозуни мактаби варзишӣ буда, маҷмаа ду ҳавзи шиноварӣ дорад, аммо барои нигоҳдории онҳо маблағ ҷудо нашудааст. Аз сӯи дигар ба гуфтаи вай ба далели нотамом будани сохтмони маҷмааи варзишӣ, агар кӯли асосӣ бо об пур шавад, хавфи рахна шудани он вуҷуд дорад.
“Садои мардум”
Нашрияи парлумонии “Садои мардум” дар шумораи рӯзи 24 июн хабар дод, ки дар ҷаласаи 23 июни Маҷлиси Намояндагон лоиҳаи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба терроризм» баррасӣ ва тасвиб шуд.
Таъкид мешавад, ки лоиҳаи қонуни мазкур, усулҳои асосии муқовимат ба терроризм, асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии пешгирии терроризм ва мубориза бо он, роҳҳои бартараф намудани оқибатҳои амали террористиро бо мақсади таъмини бехатарии шахс, ҷамъият ва давлат, ҳифзи соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ ва амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд. Дар баробари ин дар он муқаррароти нав вобаста ба муқовимати иттилоотию таблиғотӣ ба терроризм, ҳимояи объектҳои таҳдиди террористӣ, муқовимат бар зидди маблағгузории фаъолияти террористӣ ва ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи муқовимат ба терроризм пешбинӣ карда шудаанд.
“Тоҷикистон”
Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар шумораи рӯзи 23 июн дар сармақолаи худ таҳти унвони “Чиптафиреб. Ё танзим кунед, ё истеъфо диҳед!” нашр карда, аз фаъолияти Агентии ҳавонавардии шаҳрвандӣ ва Хадамоти зиддинҳисорӣ ба шиддат интиқод кардааст. Ба навиштаи муаллиф алорағми ваъдаи Субҳон Икромзода раҳбари Агентии ҳавонавардии шаҳрвандӣ айни замон чиптаи ҳавопаймо дар самти Душанбе-Маскав аз 8 то 9 ҳазор сомонӣ арзиш дорад. Дар ҳоле ки тибқи иддаои масуълин нархи билет набояд аз 6 ҳазор сомонӣ бештар бошад. Ба таъкиди муаллиф дар пасманзари ин ҳама мушкилот ба хулосае омадан мумкин аст, ки зӯри масъулини ин ду ниҳод барои ҳалли мушкилоти ҷойдошта намерасад.
Нашрияи “Тоҷикистон” дар ин шумораи хеш матлаби бо номи “Оббозӣ барои бойбаччаҳо…” нашр карда, ки дар он аз набудани ҳавзҳои шиноварии ройгон дар Душанбе, изҳори нигаронӣ кардааст.
Ба навиштаи муаллиф дар шаҳри Душанбе, ки наздики 1 млн аҳолӣ дорад ҳамагӣ 11 ҳавзи шиноварӣ мавҷуд буда, ҳамаи онҳо пулакӣ ҳастанд. Илова бар ин нархи хизматрасонӣ дар марказҳои дилхушӣ ва оббозӣ барои аксари сокинони пойтахт дастрас нест.
Барои қиёс муаллиф аз шаҳри Хуҷанд мисол овардааст, ки дар соҳили чапи дарёи Сир маҳалли ройгони оббозӣ мавҷуд буда, ҳудуди 300 метрро фаро мегирад ва дар як вақт дар ин макон 1000 нафар метавонанд оббозӣ ва истироҳат кунанд.
“Asia-Plus”
Ҳафтаномаи русизабони “Asia-Plus” дар шумораи рӯзи 24 дар сармақолаи худ бо номи “Мавҷи дуюми коронавирус дар Тоҷикистон” аз хуруҷи дубораи вируси Ковид-19 дар кишвар сухан гуфтааст. Муаллиф дар ин матлаб дар мавриди нишонаҳои асосии ин беморӣ, марказҳои супурдани ташхис барои коронавирус раванди эмкунӣ зидди коронавирус дар кишвар маълумот додааст.
Муаллиф бо такя ба коршиносони Созмони ҷаҳонии тандурустӣ навиштааст, ки айни замон аз ҳама намуди хатарноктарини коронавирус навъи “Делта” аст, ки он дар Ҳиндустон ошкор шуд.
Нашрия иттилоъ додааст, ки дар баробари 192 ҳазор воя ваксинаи “Астра-зенека” ва 300 ҳазор вояи ваксиани чинии “Коронавак”, ки вориди Тоҷикистон шудааст, дар ояндаи наздик Тоҷикистон бо кӯмаки Бонки осиёии рушд 3 млн вояи ваксинаи зидди коронавирус харидорӣ хоҳад кард.
Бо ин вуҷуд муаллиф таъкид мекунад, ки ин миқдор ваксина барои эмкунии тамоми шаҳрвандони аз 18 сола боло ё худ 62.5 дарсади аҳолӣ дар Тоҷикистон кифоят намекунад.
Нашрияи “Asia-Plus” дар матлаби дигаре навиштааст, ки сӯзишворӣ дар Тоҷикистон хеле гарон шуд, аммо бо арзиши пешинааш оварда мешавад. Муаллиф навиштааст, ки дар 5 моҳи соли ҷорӣ ба Тоҷикистон ба маблағи наздики 113 млн доллар ҳудуди 209 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид шудааст, ки нисабти соли гузашта аз рӯйи вазн 8,8% ва аз рӯйи арзиш 6,8% камтар мебошад.
Дар баробари ин ба гуфтаи муаллиф арзиши як тонна маҳсулоти нафтӣ ба ҳисоби миёна аз 528 доллар дар соли гузашта то ба 540 доллар дар соли ҷорӣ боло рафтааст. Яъне дар ҳоле, ки нархҳои воридотии маҳслуоти нафтӣ қариб бетағйир боқӣ мондааст, нархи чаканаи он дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ дар кишвар ба таври назаррас боло рафтанд.
Нашрия бо такя ба маълумоти Агентии омор навиштааст, ки дар ин дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ нархи бензин ба ҳисоби миёна 41,5%, сӯзишвории дизелӣ – 16,2% ва гази моеъ – 13,7% зиёд афзоиш ёфтааст.
“Фараж”
Ҳафтаномаи “Фараж” дар шумораи рӯзи 23 июн дар як саҳфаи хеш гузориши аксӣ аз ҳолати ногувори назди мағозаҳои маҳалаи 91-уми ноҳияи Синои пойтахт чоп карда, навиштааст, ки ин мавзеъ ба партовгоҳ табдил шудааст.
Нашрияи “Фараж” дар идомаи баррасии вазъияти Литсейҳои касбӣ дар вилояти Хатлон дар ин шумора, ҳолати Литсеи касбӣ-техникии ноҳияи Вахшро бозгӯ кардааст. Муаллиф аз қавли Шарафҷон Давлатов мудири хоҷагии Литсейи мазкур навиштааст, ки сӣ сол боз афроди бегона як бинои хобгоҳи ин муассисаи таълимиро ғасб карда, донишомӯзон бошанд дар хонаҳои иҷора зиндагӣ доранд.
“Пайк”
Нашрия “Пайк” дар шумораи рӯзи 24 июн навиштааст, ки то кунун дар вилояти Хатлон 41 муассисаи соҳаи тандурустӣ дар биноҳои муассисаҳои таълимӣ, хонаи сокинон ва вагону дигар иншоот ҷойгиранд. Қурбоналӣ Неъматов корманди раёсати тандурустии вилояти Хатлон гуфтааст, ки чунин ҳолат бештар дар ноҳияҳои Муъминобод, Вахш, Панҷ ва Балҷувон мушоҳида мешавад.
Ба унвони мисол муаллиф навиштааст, ки 20 сол маркази дандонпизишкии вилояти Хатлон дар бинои иҷора фаъолият дорад, ки солона танҳо иҷорапулӣ ба маблағи 90 ҳазор сомонӣ пардохт мекунад.
Зиёратшоҳи Аҳмадшо,
радиои Тоҷикистон