ХАБАРИ ФАВРӢ! Дар Тоҷикистон 32 ҳолати нави сирояти COVID-19 ба қайд гирифта шуд

Тавре дирӯз иттилоъ додем, Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии  коронавирус-COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷой доштани ҳолатҳои сироятёбии шаҳрвандони мамлакат ба бемории коронавирус иттилоъ дод.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки  санаи 21 июн 17 ҳолат ва 22 июн 15 ҳолати нави гирифторшавии шаҳрвандони мамлакат ба бемории  коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шудааст.

Дар маҷмӯъ, аз аввали бақайдгирӣ то имрӯз, 22 июн дар кишвар 13340 нафар гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шудааст.