Оё дар мамлакат гузаронидани тӯю маъракаҳо манъ карда шуданд?

Бо сабаби дубора ба қайд гирифтани ҳолатҳои гирифтор шудан ба бемории сироятии коронавирус дар мамлакат тӯю маъракаҳо бо роияи қатъии беҳдоштӣ гузаронида шаванд.

Дар ин бора Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим ба Sputnik Тоҷикистон гуфтааст, ки ба унвонии мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои кишвар барқия фиристода шудааст, ки  аз 21 июни соли 2021 гузаронидани тӯю маъракаҳо манъ ва масҷидҳо ба шарти риояи қоидаҳои беҳдоштӣ баста намешаванд.

 “Бо мақсади ҳифзи солимии ҷомеа ва бехатарии аҳолӣ вобаста ба риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ҳангоми гузаронидани тӯйҳои домодию арусӣ бо шумораи маҳдуди иштирокчиён, риояи фосилаи иҷтимоӣ, пешгирии таҷаммуъи шумораи зиёди одамон зимни баргузории маросими дафну азодорӣ, қабл аз баргузории маъракаю маросим ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ бо шаҳрвандону масъулони тарабхонаҳо ва дигар ҷойҳои баргузории маъракаю маросим андешидани тадбирҳои иловагӣ зарур мебошад”, – омадааст дар барқия.

Ҳамчунин, Ситоди ҷумҳуриявӣ қатъан талаб кардааст, ки зимни баргузории ибодатҳои дастаҷамъона риояи фосилаи иҷтимоӣ, пӯшидани ниқоб, пайваста тамиз (дезинфексия) кардани бинои масҷид, пешгирии хондани намоз ё ибодат берун аз бинои масҷид, пешгирии танбашавӣ дар роҳҳои ҳамшафати масҷидҳо ва риояи дигар қоидаҳои беҳдоштӣ талаб карда мешавад.

“Дар ин робита Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим аз комиссияҳои доимии танзими анъана ва ҷашну маросим, шуъбаю бахшҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо тақозо кардааст, ки корҳои назоратиро ба роҳ андозанд ва аз натиҷааш ҳар моҳ ба Кумита маълумот диҳанд”-гуфтааст манбаъ бо такя ба барқияи Кумитаи дин.

Хотиррасон мекунем, ки дирӯз ҷаласаи навбатии Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии  коронавирус-COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гашт ва дар он гуфта шуд, ки дар муассисаҳои тандурустии мамлакат ҳолатҳои гирифтор шудан ба бемории сироятии коронавирус ба қайд гирифта шуданд.

Вобаста ба ин аз ҳар як сокини мамлакат, қатъиян риоя намудани тавсияи мутахассисони соҳа, бе зарурат гаштугузор накардан, истифодаи ниқоб дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва дигар маводҳои безараргардонӣ талаб карда мешавад.

Мавриди зикр аст, ки бо сабаби хуруҷи навбатии бемории сироятии коронавирус дар як қатор кишварҳои ҷаҳон бори дигар фаъолияти марказҳои хизматрасонӣ, баргузории ҷашну маросим, боғу гулгашт ва маконҳое, ки дар он ҷо пайваста одамони зиёд ҷамъ мегарданд,  қатъ карда шуда, ҳаракати воситаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ маҳдуд гардида, вазъияти карантинӣ эълон карда шудааст.