Ба муносибати ҳуҷуми ногаҳонии артиши Олмони гитлерӣ ва оғози Ҷанги Бузурги Ватанӣ вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ИДМ муроҷиатномаи видеоиро пахш намуданд.
Ба навиштаи Вазорати корҳои хориҷӣ, ин иқдом бо ташаббуси раёсати Беларус дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва ҳамчун нишони хотира ва эҳтиром ба ҳама қаҳрамонони маълум ва номаълум – муҳофизони Ватан дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ рӯйи даст гирифта шудаасту дар он вазирони корҳои хориҷии кишварҳои иштирокдори ИДМ порае аз асареро ба забони давлатӣ қироат карданд.
Навор беш аз 3 дақиқаро фаро гирифта, дар Фейсбук зери хэштеги #ВОВ80 бознашр шудааст. Дар он нахуст вазири корҳои хориҷии Белорусия чанд мисраи шеърии “Защитникам родной земли” (Муҳофизони сарзамини модарӣ)-ро аз Якуб Колас хондааст. Дар навбати худ, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин шеъри «Ман ватанро беш аз ҳарвақта дорам дӯсттар»-ро қироат мекунад. Ин аз аввалин шеъри дар давраи ҶБВ навиштаи шоири ҷанговари тоҷик Ҳабиб Юсуфӣ, ки дар солҳои ҷанг фармондеҳи батареяи артиллерӣ буду соли 1944 дар наздикии Варшава фавтид, мебошад.
Бояд гуфт, ки 80 сол пеш – 22 июни соли 1941 бо ҳуҷуми ногаҳонии артиши Олмони гитлерӣ Ҷанги Бузурги Ватанӣ оғоз гардид. Дар сомонаи Кумитаи иҷроияи ИДМ омадааст, ки “имрӯз, шоирони халқӣ тавассути садои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви ИДМ ба ҳамаи мо даҳшати ҷанг ва қаҳрамонии муҳофизон, хиёнати душман ва устувории гузаштагони мо, ғаму андӯҳи талафот ва ашки шодии Ғалабаро хотиррасон мекунанд! Мо дар ИДМ мероси сулҳомезро ба ёд меорем, эҳтиром мекунем ва онро қадр менамоем.»
НАВОРРО ИНҶО БУБИНЕД: