Як ширкати сохтмонии Москва тоҷиконро ба кор даъват мекунад

Ширкати сохтмонии «ПИК-Модул»-и шаҳри Москва шаҳрвандони Тоҷикистонро ба кор ба Россия даъват мекунад.

Ба иттилои Хадамоти муҳоҷират номнависи шаҳрвандони ҷумҳурӣ оғоз шудаасту муҳлати қабул танҳо се рӯз,  аз 21 то 23 июни соли равон муайян шудааст.

Тавре Хадамот ба расонаҳо гуфтааст, музди меҳнати кормандон 55 -65 ҳазор рубли русиро ташкил медиҳад. Ҳамзамон чипта ройгон буда, тамоми хароҷот аз ҷониби ширкати сохтмонии «ПИК Модул» пардохт карда мешавад. Рӯзи корӣ аз соати 8 субҳ то 8 бегоҳирӯзӣ дар ду баст ба роҳ монда шудааст.

Ширкати мазкур барои фаъолияти меҳнатӣ мардони то синни 43 соларо ба кор қабул мекунад. Аз ин рӯ, хоҳишмандон метавонанд ба Хадамоти муҳоҷират  бо суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Айни 121, тариқи  телефонҳои  937913130, 987689876, 880002001 муроҷиат намоянд.