Дар ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагон баргузор гардид, ки дар он лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба терроризм» ва лоиҳаи дигар қонунҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Гуфта мешавад, ки лоиҳаи қонун аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод карда шудааст ва он аз 12 боб ва 46 модда иборат буда, ҷиҳати муайян намудани принсипҳои асосии муқовимат ба терроризм, асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии пешгирии терроризм ва мубориза бо он, роҳу усулҳои бартараф намудани оқибатҳои амали террористӣ бо мақсади таъмини бехатарии шахс, ҷамъият ва давлат, ҳифзи соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ ва амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳия ва пешниҳод гардидааст.
Тавре сомонаи “Ховар” навиштааст, аз кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 158 таклиф пешниҳод гардид, ки дар маҷмӯъ ба инобат гирифта шуданд. Кумитаи масъул бо назардошти мулоҳизоти иштирокчиёни ҷаласа ба хулоса омад, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба терроризм» ҷонибдорӣ карда шавад.