20 июн ба Тоҷикистон 300 ҳазор вояи ваксинаи “CoronaVac”-и истеҳсоли ширкати “Sinovac Research & Development Co. Ltd” -и Ҷумҳурии Халқии Хитой ва 300800 адад сӯзандоруҳо ворид гардиданд.
Дар маросими қабули ваксинаҳо қайд гардид, ки соли 2020 вобаста ба пайдоиш ва паҳншавии сирояти нави коронавирус дар ҷаҳон барои ҳар ду давлат мушкилиҳои зиёдеро ба бор овард, аз ҷумла маҳдуд гардидани робитаҳои байналмилалӣ, гардиши молу маҳсулот, то дараҷае коҳиш ёфтани истеҳсоли молҳои саноатию техникӣ ва хӯрокворӣ таъсир ва оқибатҳои ин сироят маҳсуб меёбад.
«Бояд тазаккур дод, ки новобаста ба мушкилиҳои пешомада маҳз дар заминаи равобити дӯстона аз ҷониби кишвари ба мо дӯст ва шарики стратегӣ кӯмакҳои ҳамаҷониба ҷиҳати мубориза ва пешгирии сирояти ҳамагир расонида шуданд»,-омадааст дар хабари сомонаи Вазорат.
Бояд гуфт, ки дар робита ба муборизаи дастаҷамъона бар зидди сирояти коронавирус зимни сӯҳбати телефонӣ, ки 1 марти соли 2021 байни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин сурат гирифт, қайд гардид, ки Ҷумҳурии Мардумии Чин омодааст барои аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон миқдори муайяни ваксинаҳои истеҳсоли ин давлатро ба ҳайси кӯмаки башардӯстона ироа намояд.
Хотиррасон мекунем, ки дар оғози моҳи март ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 192 ҳазор вояи ваксинаи «AstraZeneca» аз Деҳлӣ ба Душанбе интиқол дода шуд. 23 марти соли ҷорӣ маросими расмии оғози ваксинатсия (иммунизатсия) бар зидди коронавирус дар Тоҷикистон баргузор шуду 25 май марҳилаи дуюми иммунизатсия бар зидди бемории коронавирус оғоз ёфт ва он идома дорад.