Ифтитоҳи аввалин лабораторияи зеҳни сунъӣ дар Осиёи марказӣ

8 июн аввалин лабораторияи  зеҳни сунъӣ бо номи TajRupt, ки он  аввалин лаборатория дар минтақаи Осиёи марказӣ мансуб меёбад, дар шаҳри Душанбе ба фаъолият шурӯъ намуд.

Ҳадафи асосии лабораторияи зикргардида, ин тавонмандсозии ҷавонон дар Тоҷикистон буда, муассис ва роҳбари он Азизҷон Азимӣ  мебошад.

Тавре сомонаи Вазорати саноат ва технологияҳои нав менависад, барномаи таълимии TajRupt дар шакли баъд аз мактаб тартиб дода шуда, 10 ҳафта давом мекунад ва иборат аз 75 дақиқаи дарсҳои интерактивӣ дар як ҳафта се маротиба мебошад. Донишҷӯ дар TajRupt,  дар доираи барномаи таълимии 10-ҳафтаӣ як қатор мафҳумҳоро  меомӯзанд, аз ҷумла: сиёсати давлатӣ, фалсафа, бозорҳо, ВАО, технология, ҷаҳонишавӣ ва корҳои байналмилалӣ ва баробарии гендерӣ.  Барномаи таълимӣ ба се сатҳ тақсим карда шудааст, ки аз рӯи таркиб ва сахтгирии мавзӯъҳои мушаххас фарқ мекунанд.

Барои ҳавасмандгардонии таваҷҷӯҳи донишҷӯён ба барномаи таълимӣ, забони англисӣ  ҳамчун забони асосии муошират дар синф  ҷорӣ карда шудааст.