Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳодисаи табиии дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомиро шарҳ дода, дар сомонааш навишт, ки бар асари боронҳои шадид дар қаламрави деҳаи Навободи ҷамоати деҳоти Ифтихори ноҳияи Ҷомӣ 7 май фурӯравии замин ба қайд гирифта шуд. Дар натиҷа 15 хонаи истиқоматии сокинон ва 100 гектар замини кишт фурӯ рехт.
Дар ин хабар ин гуфта мешавад, ки бо мақсади роҳ надодан ба ҳодисаҳои нохӯш ва марги одамон дар мавриди интиқоли 167 хоҷагӣ ба маконҳои амн қарор қабул шуд.
Миёни сокинон талафоти ҷонӣ нест, ҳамчунин аз маргумири чорвои калону хурд низ гузориш нарасидааст. Дар айни замон дуртар аз маҳалли додиса як шаҳраки хайманишинон сохта шуда, зарардидагон бо се вақт ғизо ва оби нӯшокӣ таъмин карда шудаанд.
Бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври фаврӣ Ситоди ҷумҳуриявӣ ташкил карда шуд, ки ба он ҷонишини Сарвазири кишвар Давлатшо Гулмаҳмадзода сарварӣ мекунад.
Дар ҷаласаи Ситод, ки дар ноҳияи Ҷомӣ баргузор гардид, Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенант Рустам Назарзода, Директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси вилояти Хатлон, Ҷонишини Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Тоҷикистон, намояндагони Сарраёсати идораи геологии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Институти сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Институти Лоиҳавӣ-таҳқиқотии “Фазо” ширкат намуданд.
Қарор шуд, ки барои бунёди як шаҳрак барои сокинони осебдида дар минтақаи бехатар замин ҷудо карда шавад.
Мушоҳидаву назорати шабонарӯзии вазъ аз ҷониби гурӯҳи корӣ, ки аз ҳисоби мутахассисони вазоратҳо ва идораҳо таъсис шудааст, оғоз гардидааст. Барои таъмини бехатарии аҳолии ба макони дигар интииқолёфта мақомоти махсус вазифадор карда шудаанд.
Сомонаи КҲФ навиштааст, ки тафсилоти бештари ҳодиса нашр мешавад.