акс аз интернет
Як сокини Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар пайи шикори мурғобӣ дар оби Панҷ сарозер шудааст.
Баъда гузашти 20 рӯз ҷасади ӯро дар соҳили тоҷикистонии рӯди Панҷ ёфтанд. Бар асоси маълумоти сардори бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражаднии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ дирӯз аз ҷониби сокинони деҳаи Зинги ҷамоати деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз ин ҷасади марди таъминан 35-солаи шахсияташ номаълумро пайдо карда, ба кормандони ҳифзи супоридаанд.
Тафтишот муайян кардааст, ки шаҳрванд Гулобиддин Валади Муҳамаддин сокини Ҷумҳурии Исломии Афғонистон буда, тақрибан 20 рӯз пеш ҳангоми шикори мурғобӣ аз беэҳтиётӣ дар дарёи Панҷ ғарқ шудааст. Ҷасади ӯро кормандони ҳифзи ҳуқуқ тариқи пули деҳаи Рузвай ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон интиқол доданд.