Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони ватаниву хориҷӣ пешниҳод кардааст, ки лоиҳаи таҳиягардидаи «Боғи ҳайвонот»-и пойтахтро ҳамчун моликияти хусусӣ бунёд намоянд.
Лоиҳаи «Боғи ҳайвонот» дар бурриши хиёбонҳои Рӯдакӣ ва Ҳофизи Шерозии ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар масоҳати 13 (сенздаҳ) гектар бунёд хоҳад шуд. Ба гуфтаи мақомот, лоиҳаи ангоравии боғи мазкур аз рӯи технологияи муосир ва бо назардошти фикру мулоҳизаҳои мутахассисони аврупоӣ таҳия шуда, мавзеи ҷудогардида барои ташкили ҳама гуна имконияти нигоҳдорӣ, аз ҷумла ҷойгиронии ҳайвонот, парандаҳо ва хазандаҳо мувофиқ мебошад. Инчунин, фароҳам овардани шароити озоди гашту гузори ҷонварон, ки талаботи замони муосир мебошад, ба назар гирифта шудааст.
Аз Мақомоти шаҳри Душанбе ба «Ховар» гуфтаанд, ки иқдоми мазкур аз ҷониби онҳо ҳамаҷониба дастгирӣ меёбад. Хоҳишмандон барои гирифтани маълумоти муфассал метавонанд ба телефонҳои 221-94-38, 221-27-19 занг зананд.
Қаблан, гуфта мешуд, ки тибқи лоиҳаи ангоравии «Боғи ҳайвонот» дар масоҳати 0, 40 гектари он биноҳои маъмурию хизматрасонӣ сохта шуда, 0,85 гектар барои нигоҳубин ва барои ба намоиш гузоштани ҳайвоноти Тоҷикистон, 0,46 гектар барои ҳайвоноти хонагии минтақаи Тоҷикистон, 0,70 гектар барои ҳайвоноти Австралия, 0,84 гектар барои ҷонварони Амрико, 0,61 гектар барои ҳайвоноти Осиё, 0,90 гектар барои ҳайвоноти Африқо пешбинӣ гардидааст. Дар масоҳати 0,53 гектари боғ кӯл бунёд мегардад. Минтақаҳои мазкур бо дарназардошти миҷози ҷонварон ҷиҳозонида мешаванд.
Дар «Боғи ҳайвонот» ҳамчунин бунёди ду каҳвахона, мағозаи фурӯши ҳайвонот, майдончаҳои варзишию фароғатӣ ва ду таваққуфгоҳ барои нигоҳдории 130 мошин дар назар дошта шудааст.