Нақшаи чорабиниҳои муштараки Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе бо Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021 ба имзо расид.
Тавре аз Агентӣ хабар додаанд, нақшаи мазкур аз омӯзиш ва тайёр намудани тренерҳои касбӣ аз ҳисоби кормандони ҷавони Агентӣ дар самти муборизаи қочоқи маводи мухаддир, баргузории чорабиниҳои зиддинашъамандӣ барои паст кардани сатҳи нашъамандӣ, видеороликҳои таблиғи тарзи ҳайёти солим, тарҷума ва нашри “Стратерияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030” ва дастгирии молиявии якқатор масъалаҳои мубрам иборат мебошад.
Бояд гуфт, ки нақшаи мазкурро директори Агентӣ бо муовини роҳбари Дафтари барномавии Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар Душанбе имзо карда, қайд намудаанд, ки татбиқи он ҳарчи зудтар ба роҳ монда шавад.
Ҳамчунин, дар хотимаи мулоқот тарафҳо оид ба густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар самти назорати маводи нашъаовар изҳори умед карданд.