Кормандони Агентии мубориза бо коррупсия сардори Кооперативии тиҷоратии «Акбархуҷа»-и ноҳияи А.Ҷомиро барои талаб намудани 4500 сомонӣ дастгир намудаанд.
Гуфта мешавад, ки Ҳафизова Фотима моҳи июни соли 2020 бо роҳи фиреб ва суистифодаи боварӣ аз шаҳрванд Қарақулова К.Б. барои аз ҳисоби заминҳои хоҷагии деҳқонии «Акобир»-и ноҳияи А.Ҷомӣ ҷудо карда додани 0,10 га. қитъаи замин, маблағи 4500 сомонӣ талаб карда гирифта, тасарруф намудааст.
Дар ин асос, нисбати Ҳафизова Ф.М. бо моддаҳои 247 қисми 2 бандҳои «в,г» ва 3381 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст.
Оғози сол ҳам кормандони Агентӣ заминсози Корхонаи давлатии фаръии «Суғдзаминсоз»-ро барои аз ҳудуди заминҳои маҳаллаи 8 шаҳри Хуҷанд ҷудо кардани замин бар ивази 206 150 сомонӣ дастгир карда буданд.