Имрӯз – 8 апрели соли 2021
Обу ҳаво
Имрӯз дар шаҳри Бохтар ҳаво бебориш аст. Ҳарорати ҳаво рӯзона то +26° ва шабона то +10° гарм мешавад.
Дар шаҳри Хоруғ ҳаво тағйирёбанда буда, рӯзона то +9° гарм ва шабона то -2° хунук мешавад.
8 апрел ҳавои шаҳри Хуҷанд қисман абрнок шуда, рӯзона то +22° ва шабона то +9° гарм мешавад.
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво бебориш буда, рӯзона то +23° ва шабона то +9° гарм мешавад.
Қурби асъор
Агар ба бозори асъор таваҷҷуҳ кунем, мебинем, ки 8 апрел қурби евро боло рафта, мутаассифона қурби рубл паст шудааст. Барои имрӯз 1 доллар баробар ба 11,32 сомонӣ, 1 евро баробар ба 13,45 сомонӣ ва 10 рубл баробар ба 1,45 сомонӣ муқарар карда шудааст.
Тақвими рӯз
8 апрели соли 1766 дар ИМА ба нахустин нардбони оташнишонӣ патент дода шуд.
Дар ин рӯзи соли 1992 дар Душанбе протокол оид ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Россия ба имзо расид.
Соли 1935 дар Иттиҳоди Шӯравӣ нисбат ба кӯдакони аз 12- сола боло ҷавобгарии ҷиноӣ амалӣ карда шуд.
Имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи иқтисодчиён ва дар Россия рӯзи аниматсия мебошад.
Ҷадвали барномаҳо
Тамошобинони азиз, ба маълумоти Шумо мерасонем, ки имрӯз то соати 10 барномаҳои «Тоҷикистон ва ҷомеаи ҷаҳон» ва «Фасоҳати калом» пешкаш гашт. Дар соати 10:15 барномаи «Рисолати муқаддас» ва дар соати 13:15 барномаи «Беҳдошт»-ро дар мавҷи мо шунида метавонед.
Дар соати 14:40 барномаи «Тафсири рӯз» ва дар соати 15:15 барномаи «Анвори ҳунар» пахш мешаванд.
“Назорат дар самти фаъолияти таксиҳои ғайриқонунӣ” мавзӯи навбатии барномаи «Роҳ ва нақлиёт» аст, ки дар соати 17:15 гуш карда метавонед.
Барномаи «Шом ба хайр» дар соати 19:15 барои шумо пахш мешавад, ки онро дар мавҷи 104,7 fm шунида метавонед.
Ҳамин тавр, дигар хабару гузоришҳои моро ҳар соат дар радио ва дар сомонаи https://radiotoj.tj/ пайгирӣ карда метавонед.
Саҳифаи Радиои Тоҷикистонро дар Фейсбук, Ютуб, Инстаграм ва Телеграму Твиттер ҳамроҳӣ намоед.