Имрӯз Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар саҳни телевизиони Тоҷикистон таҷлил намуд.
Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода ва раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Нуриддин Саид нахуст аз дастархони наврӯзии сохторҳои Кумита, ки бо рукнҳои наврӯзӣ – 7 сину 7 шин, хӯрокҳои миллӣ ва гулдузиву дигар ороишот пероста буданд, дидан намуда, ба онҳо баҳои баланд доданд. Дар навбати худ, соҳибони хон меҳмононро бо ширу шакар истиқбол намуданд.
Зимни баробади худ Нуриддин Саид аз таърих ва мақому мартабаи наврӯз дар ҷомеаи куҳанбунёди тоҷик ёдоварӣ карда, қайд намуд, ки мо Ҷашни Наврӯзро аз гузаштагони худ ба мерос гирифта, дар замони соҳибистиқлолӣ онро ҳамчун суннати анъанаҳои таърихӣ ва фарогири ҳунарҳои мардумӣ, адабиёти хаттиву шифоҳӣ ба таври шоиста ҳифз ва инъикос кардаем. Имрӯз бошад ин ҷашни аҷдодии моро тамоми ҷаҳон таҷлил менамояд.
Абдуҷаббор Раҳмонзода дар навбати худ тамоми кормандони садо ва симои кишварро ба ин ҷашн табрик намуда, таъкид дошт, ки талошҳои пайвастаи Пешвои миллат баҳри сулҳу суботи ҳамешагии кишвар буда, аз ҳар шахс даъват ба амал оварда мешавад, то ба қадри ин неъмат бирасанд. Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа дар хибот ба рӯзноманигорон қайд намуд, ки имрӯз фазо ва шароити мусоиди корӣ ташкил шудаават ва мебояд, ки ҳар яки мо мавзӯъҳои мубрамро аз нигоҳи дарбаргирии муҳтаво ва тасвир хубтару беҳтар пешниҳод намоем. Абдуҷаббор Раҳмонзода аз истифодаи усулҳои нави иттилоърасон дастгирӣ кард.
Дар идома ба як қатор кормандони фаъоли соҳаи телевизион ва радио ва дастаҳои ҳунарӣ нишони аълочии телевизион ва радио, аълочии фарҳанг ва сипосномаву ифтихорномаҳо тақдим гашт.
Ҳамин тавр, наврӯзии кормандони сохторҳои Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки ҳунармандонӣ номӣ рангу нигоҳи дигар гирифта, бо рақсу нишот таъби худро шод намуданд.