1 апрели соли ҷорӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат маъракаи даъвату гусели шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ муташаккилона оғоз ёфт.
Ин маъракаи сиёсӣ дар доираи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” ва тибқи талаботи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1994-2003 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ” роҳандозӣ шуда, дар ин рӯз як қатор шаҳру ноҳияҳо нақшаи даъватро тамом карданд. Аз ҷумла, якчанд ҷамоатҳои деҳоти Истаравшан, ҷамоатҳои деҳоти Воруху Чоркӯҳ, Хонобод, шаҳракҳои Нефтободу Нурафшони Исфара, ноҳияҳои Лахш, Сангвор, Рашт, Тоҷикобод ва Нуробод аз иҷрои меъёрҳои муқарраршудаи даъватӣ бо сарбаландӣ баромаданд.
Тавре сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи мамлакат, полковник Фаридун Маҳмадализода ба расонаҳо иброз намуд, ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маъракаи даъвату гусели шаҳрвандони ҷинси марди аз 18 то 27-сола ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар ду мавсим баргузор карда мешавад, яъне даъвати баҳорӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ аз якуми апрел оғоз гардида, то охири моҳи май идома меёбад ва даъвати тирамоҳӣ аз аввали моҳи октябр шурӯъ гардида, охири моҳи ноябр ба анҷом мерасад.
-Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 400 ҳазор нафар ҷавонписарони синни даъватӣ, яъне аз 18 то 27-сола ба қайд гирифта шудаанд, ки аз ин шумора фоизи хеле кам ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ даъват карда мешаванд. Ва ин теъдод албатта, ба сифати даъват таъсири мусбат расонида, имконият медиҳад, ки аз миёни ҳама табақаҳои аҳолии кишвар ҷавонписарони солиму бардам ва болаёқат интихоб ва ба сафи Артиши миллии мамлакат фиристода шаванд,-афзуд Фаридун Маҳмадализода.