Имрӯз 2 апрели соли 2021 ва рӯзи ҷумъа аст.
Обу ҳаво
2 апрел дар шаҳри Бохтар ҳаво рӯзона то +22° ва шабона то +5° гарм мешавад.
Дар шаҳри Хоруғ ҳаво тағйирёбанда буда, бебориш аст. Ҳаво рӯзона то +9° гарм ва шабона то -3°хунук мешавад.
Ҳаво дар шаҳри Хуҷанд қисман абрнок буда, рӯзона то +15° ва шабона то +2° гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе имрӯз ҳаво тағйирёбанда ва бебориш аст. Рӯзона ҳарорати ҳаво то +17° ва шабона то +4° гам мешавад.
Бино ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ рӯзҳои 2-5 апрел дар ноҳияҳои кӯҳии ҷумҳурӣ фаромадани тарма ва дар ноҳияҳои алоҳидаи водибуда, доманакӯҳию кӯҳӣ фаромадани сел аз эҳтимол дур нест.
Қурби асъор
Бонки миллӣ барои рӯзи 2 апрел 1 долларро баробар ба 11,31 сомонӣ, 1 евро баробар ва 13,30 сомонӣ ва 10 рубл баробар ба 1,48 сомонӣ муқарар кардааст.
Тақвими рӯз
2 апрели соли 1935 дар Сталинобод маросими кушодашавии аввалин сирк баргузор гардид.
Дар ин рӯзи соли 1946 Маркази ядроии «Арзамас-16» таъсис дода шуд.
Соли 1966 Моҳвораи шӯравии «Луна-10» дар ҷаҳон нахустин киштии кайҳоние шинохта шуд, ки Моҳро давр зад.
Ҳамин рӯзи соли 2009 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» ба ҳукми қонун даромад.
2 апрели соли 2019 Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд киштии рамзӣ-тарабхонаи «Темурмалик»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Имрӯз бошад, Рӯзи умумиҷаҳонии китоби кӯдакона ва Рӯзи умумиҷаҳонии паҳннамоии иттилоот оид ба бемории аутизм.
Ҷадвали барномаҳо
2 апрел дар Радиои “Тоҷикистон” соати 10:40 барномаи таҳлилии “Иқтисод ва молия” ва соати 11:15 барномаи “Роҳ ва нақлиёт” пахш мешавад.
Дар соати 12:15 барномаи “Нидои бедорӣ” ва дар соати 14:15 барномаи “Ҳаёти деҳот”-ро шунида метавонед.
Тавре медонем дирӯз Рӯзи ханда буд. Аз ин рӯ, ҳамкорони мо дар барномаи навбатии “Ҳамдил”, ки соати 16:15 дар мавҷи 104,7 fm мустақиман пахш мешавад, мавзӯи “Таъсири ханда ва шодиву сурур ба руҳияи инсон”-ро баррасӣ мекунанд.
Соати 17:30 дар барномаи “Оҳанги нигоҳ” шумо суҳбат бо собиқадори фарҳанги ноҳияи Мастчоҳ – Ҳасан Гуловро шунида метавонед.
Дирӯз, ҳамчунин рӯзи аввали даъвати баҳорӣ ба хизмати ҳарбӣ буд ва дар барномаи “Дунёи сарбоз” ҳамкорони мо аз рӯзи аввали даъвати баҳории ҷавонон ба сафи артиш гузориш медиҳанд ва суҳбат бо наваскарон пешниҳод мешавад. Шумо ин барномаро дар соати 19:00 шунида метавонед.
Ҳамин тавр, дар давоми рӯз дигар барномаҳову сурудҳои шуниданиро шумо дар мавҷи 104,7 fm ва дар сомонаи www.radiotoj.tj шунидаву хонда метавонед.
Моро дар Фейсбук, Инстаграм, Телеграм ва Твиттеру Ютуб низ ҳамроҳӣ намоед.