Бо мақсади иштирок дар ҷаласаи 14-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Беларус оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ҳайати Ҷумҳурии Беларус ба Тоҷикистон ташриф меоранд.
Бино ба иттилои Вазорати кишоварзӣ ҷаласаи 14-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Беларус аз санаи 5 то 8 апрели соли 2021 баргузор мегардад ва имрӯз ҷаласа дар МД “Китобхонаи миллии Тоҷикистон” шурӯъ гардида, миёни Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбари ҳайати Ҷумҳурии Беларус Протоколи ҷаласаи 14-уми Комиссия ба имзо расонида мешавад.
Ба иттилои манбаъ, 5 апрел вохӯрии роҳбари ҳайаи Ҷумҳурии Беларус бо Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назар аст.
Ҳамчунин, бо мақсади шиносоӣ аз таърихи ниёгон ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати Ҷумҳурии Беларус боздид аз МД “Осорхонаи миллии Тоҷикистон”, Боғи парчам ва Кохи Наврӯз менамоянд.
Фардо бошад, меҳмонон дар маросими ифтитоҳи расмии ҳамоиши доираи соҳибкорони Тоҷикистону Беларус дар меҳмонхонаи Ҳаят Реҷенсии Душанбе иштирок намуда, дар қисмати дуюми рӯз сафар ба шаҳри Ҳисор ва боздиди ҳайат аз фаъолияти ҶСШП “Агротехсервис” ва боздид аз ҶСК “Ширкати алюминийи тоҷик” ба нақша гирифта шудааст.
Вазорати кишоварзӣ ҳамчунин хабар медиҳад, ки 7 апрел иштироки роҳбарони ҳайати расмӣ дар маросими ифтитоҳи расмии ҳамоиши соҳибкории сеҷонибаи Тоҷикистон-Беларус-Афғонистон дар меҳмонхонаи Ҳаят Реҷенсии Душанбе доир мегардад ва пас аз ҳамоиши сафари роҳбарони ҳайати расмӣ ба вилояти Хатлон бо мақсади шиносоӣ аз дастовардҳои соҳаи кишоварзӣ сурат мегирад.
Санаи 8 апрел вохӯрии роҳбари ҳайаи Ҷумҳурии Беларус бо Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифташудааст.