Дар лоиҳаи нави Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ» ба сарбозон пас аз адои хизмати ҳарбӣ як қатор ҳавасмандгардонӣ пешниҳод шудааст.
Гуфта мешавад, ки дар ин тарҳ бо мақсади ҳавасмандгардонии сарбозон пас аз адои хизмати ҳарбӣ, аз ҷумла муқаррар кардани имтиёзҳои муайян ба ин гурӯҳи шаҳрвандон ва дар навбати аввал ҳангоми қабул ба муассисаҳои таҳсилоти олии ҳарбии дохил ва хориҷи мамлакат бидуни озмун шомил гардидани онҳо, таҳия ва пешниҳод гардидааст.
Тавре сомонаи Парлумон менависад, Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонунро мавриди омӯзиш қарор дода, онро бо пешниҳоди хулосаҳо ҷонибдорӣ намуданд. Аз кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 таклиф пешниҳод гардид, ки дар маҷмӯъ ба инобат гирифта шуданд.
“Лоиҳаи Қонуни пешниҳодгардида, ба моддаи 41 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи мудофиа» ва «Дар бораи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон», инчунин дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мухолифат надошта, амалӣ намудани он аз буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб намекунад”,- менависад манбаъ.
Ҳамчунин, дар ҷаласаи Шӯро як қатор лоиҳаҳои дигар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.