Паёми «Тоҷикистон»: Дар шоҳроҳи Душанбе – Чаноқ маҳдудият ҷорӣ шуд

Имрӯз 5 апрели соли 2021 аст.

Обу ҳаво

Имрӯз дар шаҳри Бохтар ҳаво тағйирёбанда буда, рӯзона то +17°ва шабона то +11°гарм мешавад.

Дар шаҳри Хоруғ ҳарорати ҳаво рӯзона то +11°гарм ва шабона то +3°гарм шуда, ҳаво бебориш аст.

5 апрел ҳаво дар шаҳри Хуҷанд қисман абрнок буда, рӯзона то +15°ва шабона то +8°гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорати ҳаво рӯзона то +16°ва шабона то +8°гарм мешавад.

Бино ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ дар доманакӯҳҳои ҷумҳурӣ боридани бошидати борон ва баландшавии сатҳи об пешгӯӣ мешавад.

Дар ҳамин ҳол, чанд соат пеш масъули нигоҳдории шоҳроҳи Душанбе – Чаноқ ИРС хабар дод, ки имшаб, бинобар бориши пуршиддати барф барои гузариши тамоми намуди нақлиёт аз тариқи роҳи Душанбе – Чанок маҳдудият ҷорӣ шуд. Кормандони ширкат тоза намудани роҳ аз барф ва коркарди он бо маводи зиддилагжишро идома дода истодаанд ва ба зудӣ ҳаракати автомобилҳо иҷозат дода мешавад.

Қурби асъор

Бонки миллии Тоҷикистон бошад, имрӯз арзиши 1 долларро баробар ба 11.31 сомонӣ, 1 евро – 13.32 сомонӣ ва 10 рублро ба 1,48 сомонӣ баробар кардааст.

Таҷвими рӯз

Мувофиқи тақвим, 5 апрели соли 1930 экспедитсияи Тоҷикистон-Помири Академияи илмҳои Шӯравӣ таъсис дода шуд.

Дар ин рӯзи соли 1930 рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» (ҳоло  «Ҷавонони Тоҷикистон») таъсис ёфтааст.

Соли 1993 бо қарори Ҳукумати Федератсияи Россия ширкати нефти  «Лукойл» таъсис ёфт.

5 апрели соли 1996 дар Тоҷикистон  аввалин агентии иттилоотии мустақил ба кори худ оғоз намуд.

Дар ин рӯзи соли 2010 Котиби генералии СММ Пан Ги Мун ба Тоҷикистон ташриф овард.

Имрӯз дар Кореяи шимолӣ – Рӯзи ниҳолнишонӣ ва дар Исландия рӯзи аввали тобистон аст.

Ҷадвали барномаҳо

Бам самъи шунавандагони Радиои “Тоҷикистон” мерасонем, ки имрӯз дар соати 10:40 барномаи “Меҳвар” бо мавзӯи санъати рақс ва соати 11:10 барномаи “Рӯйдодҳои  варзишӣ” пахш мешавад.

Шумо метавоанед такрори барномаи “Фурсати баён»-ро дар соати 11:40 ва барномаи “Аз табори хуршед”-ро дар соати 12:15 бишнавед.

Аз дастоврдҳои театри Академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ шумо дар барномаи “Сӣ  авроқи  рангин», ки дар соати 14:10 пахш мешавад, шинос шуда метавонед.

Ҳамчунин, дар давоми рӯз Шумо барномаҳои «Фасоҳати калом», «Дурахш», «Илм ва ҳаёт» ва барномаи «Бозтоб» дар мавҷи 104,7 fm шунида метавонед.

Дигар хабару гузоришҳоро дар сомонаи https://radiotoj.tj/ ва дар Фейсбуку Инстаграм, Ютуб, Ттелеграм ва Твиттер бо номи Радиои Тоҷикистон мутолеа карда метавонед.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *