30 март дар Душанбе дар ҳошияи Нуҳумин конфронси вазирони кишварҳои «Қалби Осиё – Раванди Истанбул» нишасти сеҷонибаи вазирони корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин, Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Ҷавод Зариф ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ҳаниф Атмар доир шуд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар нишаст масъалаҳои ҳамкориҳои сеҷониба дар бахшҳои амният, мубориза бо қочоқи маводди мухаддир, густариши робитаҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, илмию фарҳангӣ, энергетика ва зерсохтор, ҳамлу нақли транзитии мол, тайёр кардани мутахассисони соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт барои Афғонистон баррасӣ шуданд.
Инчунин тасмим гирифта шуд, ки ҷиҳати ба таври васеъ баррасӣ намудани масъалаҳои мазкур гурӯҳи кории муштарак аз ҷониби се кишвар таъсис ёбад.
Изҳори умед гардид, ки ин мулоқот оғозгари марҳалаи нав дар муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории се кишвари ҳамзабон шавад.